05:08:45 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАРИЪАТИ ИСЛОМ ВА ҚОНУНҲОИ ҶОРӢ ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Дар сурате, ки шумори муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро беш аз миллион тахмин мезананд ва қариб аз ҳар хонадон як ё ду нафар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, дар ин маврид занону кӯдакони муҳоҷирон ба масоил ва мушкилоти мухталиф мувоҷеҳ мешаванд.

/images/stories/2011/09/30_abdulbosit-saidov_30.9.2011.jpgДар ин муддат аз ҳама бештар занону модарон ва фарзандони онҳо ранҷ мебаранд. Агар модаре барои дуруст тарбият кардани фарзандаш ранҷ мекашад, модари дигареро ҷудоӣ ва фироқи ҳамсараш азоб медиҳад ва шахси севуму чаҳорумро дарду аламҳои ҷойи кори муносиб пайдо накардани муҳоҷирони меҳнатиашон нигарон мекунад. Хушбахт касест, ки хабари марги наздикони муҳоҷирашро нашунида, марди хонадонаш бармегардад.

Салмони Назрӣ, ҷавони 27-солаи тоҷик, ки наздик ба даҳ сол ин ҷониб дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ шуда кор мекунад, аз он шикоят дорад, ки ҳар гоҳе бо модараш телефонӣ суҳбат мекунад, бо вуҷуди ҳар моҳ маблағ равон кардан, модараш изҳори норизоӣ карда мегӯяд: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам ва ҳеч гоҳ шуморо фаромӯш карда наметавонам, аммо ман аз шумо хафа ҳастам, норизоам ва фардои қиёмат дар назди Худои пок домангири шумо мешавам, чунки шумо ҳамаатон дар ҳаққи мо занҳо зомин шудаед, моро бо кӯдаконатон танҳо гузошта, дар  ҳашт моҳу як сол ва ё ду солу се сол баъд, як маротиба моро хабар мегиред. Ин зулму ҷаври шуморо намебахшам ва…».

Модари Салмон, Шарофат Назриева, дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Ман як модари шастсолаи тоҷик, модари  ҳафт фарзанд, панҷ писару ду духтар, яъне модари панҷ марди ҳузарби корӣ ва зани як бузургмардам. Шукри Худо, ки ҳамаашон панҷвақта намоз мехонанд. Дар ҳоли ҳозир, ин шаш нафар, бо баҳонаи ҷойи кори муносиб наёфтан, дур аз ватан ва дар мулки бегона ғарибу муҳоҷиранд. Онҳо ҳар сари қадам ба мо маблағ равон мекунанд.

Шукри Худо, ки аз ҳисоби молӣ камбуд ва танқисӣ намекашам. Аммо ман ҳам чун як модар  тавони ҷудоӣ ва дур аз ватан будани ин шаш нафарро надорам. Шиками сер дорам, вале  дар ин даҳ соли ахир ҳеч бор чашмонам аз лутфу меҳрубонӣ ва дидори фарзандону падарашон сер нашудааст. Дар ана ҳамин ҳолат ман ҳақ дорам пурсам ва даъво намоям, ки  чаро эшон аз меҳри фарзандӣ ва лутфи ҳамсардорӣ маро маҳрум сохтаанд?

Яъне шариъати ислом ҷиҳати талаб кардан ризқу рӯзӣ кай ва дар кадом ҳолат ҳиҷратро фарз гардонидааст? Агар ба фарзи мисол муҳоҷири меҳнатӣ шудан амри  шариъат бошад, пас ҳиҷрат ва фироқи мард аз хона, зан, фарзанд ва падару модар чанд рӯзро дарбар мегирад ва бояд мард пас аз чанд муддат ба назди эшон баргардад? Қонунҳои амалкунандаи кишвар дар ин маврид чӣ мегӯянд? Оё кадом мамнуъияту маҳдудиятеро барои муҳоҷирони корӣ тарҳрезӣ кардаанд ё хайр?

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар ҳамин маврид сӯҳбате дошт бо Абдулбасир Саидов, ноиби аввали раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва  Маҳмадшариф Ҳалимов, ҳуқуқшинос аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар.

- Кай ва дар кадом ҳолат муҳоҷири меҳнатӣ шудан ба гардани як мусалмон фарз мегардад?

Абдулбасир Саидов: Дар сурате, ки фард нафақаи аҳлу оилаи худро аз ин ҷо, яъне аз ватану зодгоҳаш дода натавонад,  бо далели ин, ки мувофиқи таълимоти ислом, нафақаи аҳлу оила бар дӯши мард аст, муҳоҷири меҳнатӣ шудани вай фарз мегардад. Лекин бар мард лозим аст, ки баъд аз ҳар чор моҳ як маротиба ба назди зан ва оилааш баргардад. Ба ибораи дигар, беиҷозати ҳамсар, мард ҳаққи аз чор моҳ зиёд дур будан аз занашро надорад. Ин ҳукмро ман аз пеши худ содир намекунам, балки ҳанӯз 1400 қабл, Ҳазрати Умари Форуқ дар замони хилофаташ ин ҳукмро содир карда буд.

Умар (р) одат доштанд,  ки ҳар шаб дар кӯчаҳои шаҳр гашта, аз аҳволи мардум бохабар мешуд. Шабе аз кӯча овози занеро шунид, ки вай ба ситораҳо «роз» гуфта, дар фироқи шавҳараш тарона мехонд ва хубиҳои ҳамсарашро ба ёд меовард. Баъд аз он ҳазрати Умар (р) баргашта ба назди духтараш, Ҳафса (р), зани Паёмбар (с) омада мепурсад: ниҳоят тоқати ҷудоӣ ва фироқи зан аз мард чанд даст? Ҳафса (р) посух медиҳад, ниҳояти тоқати ҷудоӣ ва фироқи зан аз мард чор моҳ аст.

Умар (р) баъд аз он фармон медиҳанд, ки ҳеч як аз аскари зандори мусалмон аз чор моҳ зиёд дар ҷабҳа набошад, ҳар як фарде, ки дар ҷабҳа қарор дорад, бояд баъд чор моҳ як маротиба ба назди занаш баргашта, дубора баъд аз чанд рӯз ба ҷабҳа биравад. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки зиёда аз чор моҳ дур будани мард аз ҳамсарашро шариъат иҷозат намедиҳад. Ба истиснои ҳолатҳое, ки зан ба шавҳараш иҷозат медиҳад, ки мард аз чор моҳ зиёд аз ҳамсараш дур бошаду мушкилиҳои молии онҳоро ба қадри тавон бартараф намояд.

-Дар навбати худ қонунгузории кишвар кай ва дар кадом сурат муҳоҷири меҳнатӣ шудани шаҳрвандонро манъ ва ё маҳдуд мекунад?

Муҳаммадшариф Ҳалимов: Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон дар мавриди сафари муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои хориҷа ҳеҷ мамнуъият ва ё маҳдудиятеро эҷод накардааст. Ҳар шаҳрванде, ки тавонад ва ҳар вақте ки бихоҳад ба муҳоҷирати корӣ равад, касе пеши роҳи вайро гирифта наметавонад. Аммо онҳое, ки дар ин кишвари худамон кор мекунанд, вале музди мегирифтаашон онҳо қонеъ карда наметавонад, эшон барои сафар кардан муҳоҷирати меҳнатӣ, бо як аризаи аз кор озод шудан, масъулияти худро дар назди корхона ба анҷом мерасонанд ва баъд аз он ба ҷо ва ё кишвари мехостаашон сафар мекунанд.

Аммо, чун муносибати тамоми кишварҳои муҳоҷирталаб бо Таҷикистон як хел нест, яъне як муҳоҷири корӣ наметавонад ба тамоми кишварҳои ҷаҳон бидуни виза, ба ҷуз Русия ва Қазоқистон, сафар кунад, визаҳои корӣ кӯтоҳмуддат-3 моҳа, миёна муҳлат-6 моҳа ва дароз муддат 1-2 сола мебошанд, барои ҳамин, ба истиснои Русияву Қазоқистон, муҳоҷирони корӣ аз рӯи виза гирифтаашон амал карда, дар кишварҳои хориҷ кор мекунанд.

-Чун сухан дар бораи таъмини нафақа рафт, суоли дигаре низ ба вуҷуд меояд, яъне дар сурате, ки инсон дар зодгоҳаш ва дар назди аҳлу оила кор кунад, метавонад нафақаи ҳамонвақтаи онҳоро таъмин намояд, вале пасандоз карда наметавонад, дар ин ҳолат ҳиҷрат кардани мард  аз рӯи шариъати ислом чӣ ҳукм дорад?

Абдулбасир Саидов: Дар сурате, ки инсон дар зодгоҳаш кор карда нафақаи аҳлу оилаашро таъмин карда тавонад, ҳиҷрат кардани вай мубоҳ аст. Яъне бихоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва нахоҳад не, намеравад. Вале чун таъмин нафақаи шабонаи зан низ бар гардани мард фарз аст, набояд мард аз ҳамон чор моҳ зиёдтар аз аҳлу хонаводааш дур бошад.

- Оё ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки тибқи талаботи шариъати ислом, сафар кардан барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаром бошад?

Абдулбасир Саидов: Бале. Дар сурате, ки инсон  аз додани нафақаи аҳлу оилааш бигурезад, дар ана  ҳамин ҳолат, ҳиҷрат кардани вай, бо далелҳои шаръӣ, ҳаром мегардад. Лекин дар сурате, ки тамоман нафақаи аҳлу оила надошта бошад, вале имконият дорад, ки агар ҳиҷрат кунад, нафақаи онҳоро дода метавонад, чун таъмини нафақаи аҳлу оила бар гардани мард фарз аст, ҳиҷрат ҳам бар вай лозим мешавад.

-Муҳоҷири корие, ки дар ватани худ зану фарзанд дорад, масъул аст, ки нафақаи моддӣ ва маънавии тамоми онҳоро таъмин кунад. Оё қонунгузории Тоҷикистон  дар ҳамин маврид чунин ашхосро муваззаф кардааст, ки кай ва бояд баъд аз чанд муддат ба назди зану фарзандонашон баргарданд?

-Маҳмадшариф Ҳалимов: Қонунгузории Тоҷикистон муҳоҷирони кориро озод гузошта, дар ин маврид чизе нагуфтааст. Аммо як бору дуборе, балки даҳҳо маротиба занону модарони кишвар ба мақомот муроҷиат карда мегӯянд, ки ҳамсарону шавҳарони эшон чанд моҳу чанд сол  боз дар Русияву дигар кишварҳо ба сар мебаранд, зану фарзанди худро фаромӯш кардаанд. Мо чунин арзу шикояти шаҳрвандонро хеле зиёд шунидаем, вале ин масъала дар қонунгузории Тоҷикистон дарҷ нагардидааст. Хадамоти муҳоҷират низ дар ин маврид ягон кор карда наметавонад ва ҳатто ягон бюрои машваратие дар назди Хадамоти муҳоҷират амал намекунад, ки ба ҳамин мавзӯъ кор бигирад.

- Домуллои муҳтарам, вақте дар мавзӯъи муҳоҷират сӯҳбат дорем, табиист, ки  суолҳои зиёде дар зеҳни кас халқ мешавад ва мавзӯъи тарбияти фарзандон низ инсонро ором намегузорад. Яъне вақте мард медонад, ки завҷааш аз ӯҳдаи тарбияти фарзандонаш намебарояд, вале бо вуҷуди он тарбияти онҳоро ба гардани ҳамсараш бор карда, барои ҳашт моҳ ё чанд сол, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунад, оё чунин муносибат кардани мард бо завҷааш ҷоиз аст?

Абдулбасир Саидов: Дар асл, аз нигоҳи шариъат, тарбияти фарзанд бештар ба гардани мард аст. Мувофиқи қонунҳои шариъати ислом модар ҳақ дорад, ки аз тарбияти фарзандаш куллан даст бикашад. Мард ҳаққе надорад, ки модарро маҷбур карда гӯяд, ки ту фарзандонро тарбият кун! Вақте модар гӯяд, ки ман фарзандонро тарбият намекунам,  мардро лозим меояд, ки рафта зани дигареро барои тарбияти фарзандоша ба иҷора бигирад ва ҳар сари вақт музди он занро барои тарбияи фарзандонаш бипардозад.

Тибқи таълимоти шариъат, ҳатто агар модар ба ҳамсараш гӯяд, ки ман фарзанди туро аз синаи худ шир намедиҳам,  ҳақ дорад, ки надиҳад ва дар ин маврид мард ҳаққе надорад, ки модари кӯдакро барои шир додан маҷбур кунад.

Дар ҳолате, ки мард медонад, ки завҷааш аз ӯҳдаи тарбияти фарзандонаш намебарояд, вале бо вуҷуди он тарбияти онҳоро бар гардани ҳамсараш бор карда барои чанд муддат ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё дигар корҳо сафар мекунад, мард осӣ ва гунаҳкор мешавад. Дар сурати осӣ шудан, шахси гунаҳкорро лозим меояд, ки дар ҳол, ба пешгоҳи Худованди таборака ва таъоло тавба карда, омада тарбияти фарзандонашро ба ӯҳдаи худ бигирад ва дар баробари таъмин кардани нафақаи модиву пулӣ низ нафақаи шабонаи ҳамсари худро таъмин намояд, чун ки вақте мард зан мегирад, ҳам нафақаи моддӣ ва ҳам нафақаи маънавии зан бар гардани  мард фарз мегардад.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi