18:01:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРАТРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 30-уми август, ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд.

/images/stories/2012/08/31_migrant-310812.jpgТавре аз Хадамоти муҳоҷират ба ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш аъзоёни шӯро, коршиносон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои муқими Тоҷикистон иштирок доранд, ки масоили марбут ба мушкилоти муҳоҷиронро барраси ҳоҳанд кард.

Дар ҷаласаи якуми шӯрои мазкур, ки 5 моҳ кабл баргузор шуда буд, Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират роҳбар ва Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари Созмони ҷамъиятии «Перспектива+» муовини раиси ин шӯрои  таъин гардиданд.

Масъулини Шӯрои ҷамъияти мақсад аз ташкили гардидани онро дар назди Хадамоти муҳоҷират, мусоидат намудан ба ин хадамот дар омода кардани пешниҳодҳо барои такмили минбаъда ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, баҳодиҳӣ ва азназаргузаронии пайвастаи вазъи амалишавии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бастани созишномаҳо ва шарномаҳои байналмилалию байнидавлатӣ ва гузашта аз ин, дар якҷоягӣ пиёда намудани чорабиниҳои мушаххас унвон намуданд.

Ба қавли бархе аз коршинсон дар бахши муҳоҷират то ҳануз маълум нест, ки ин шӯро чи корҳоеро ба анҷом расонидааст. Феълан Хадамоти муҳоҷирати кишвар вобаста ба интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои аврупову араб чанд созишномае дорад, ки руи қоғаз мондаанду амалӣ нашудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин коршиносон мегӯянд, Шӯрои ҷамъиятии ин хадамот то куҷо метавонад дар амалишавии чунин созишномаҳо ва дар ҳалли дигар мушкилоти муҳоҷирон мусоидат намояд, вақт нишон хоҳад дод.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi