01:19:49 03-уми Июни 2025 сол

БА КОР БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТАН МЕХОҲЕД?-2

-Шумо, ки худ бо сафари корӣ дар Арабистони Саудӣ қарор доштед, лутфан мегуфтед ин кишвар бештар ба кадом муттахассисон ниёз дорад?

 

-Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ҷониби масъулини Арабистони Саудӣ қабл аз чопи хафтанома тариқи факс ба мо ирсол намуданд, имрӯз ин кишвар ба муттахассисони беш аз 200 ихтисос ниёзманд аст. Аз ҷумла, ба муттахассисони соҳаи тиб, сохтмон, муҳандисони компютер, ронанда, тарроҳ, ороишгари манзил, кормандони соҳаи хидмати маишӣ бахусус соҳаи савдо ва амсоли инҳо.

 

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муттахассисони зиёди соҳибихтисосро дар соҳаи тиб омода мекунад ва мо имрӯз табибони пуртаҷриба зиёд дорем. Бо имзо гардидани Ёддошти тафоҳум бо ин мамлакат мо имкон пайдо намудем, то муттахассисонеро, ки хоҳиши дар кишвари саудӣ кор карданро доранд, ба онҷо фиристем. Албатта, дар Тоҷикистон муттахассисони соҳиб-таҷрибаи ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ зиёданд ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгирӣ ва бо кор таъмин намудани онҳост.

 

Мо дар назар надорем, ки танҳо ҷарроҳони беҳтарин бираванд, дар рӯйхати касбҳое, ки мамлакати Арабистони Саудӣ ба онҳо ниёз дорад ва ба мо пешниҳод намуд, дар як соҳаи тиб тамоми намуди табибон: дорусозон, пизишкони соҳаҳои касалиҳои даруна, хоҳарон ва бародарони шафқат, дандонпизишк, ронандаи машинаи ёрии таъҷилӣ ва дигар мутахасисони ин соҳа барои кор даъват шудаанд.

 

Гуфтанист, ки яке аз талаботҳои асосӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин донистани забонҳо, хусусан забони арабӣ ва англисӣ аст. Масалан, тамоми анвои доруворӣ дар Арабистони Саудӣ пурра ба забони англисӣ мебошад. Аксар вақт муоишарат дар соҳаи хизматрасонӣ бо забони англисӣ сурат мегирад, аз ин рӯ донистани забони англисӣ барои кормандони соҳаи тиб ва мутахасисони касбӣ зарур ва ҳатмист. Мутахассисоне, ки хоҳиши барои кор ба Арабистони Саудӣ рафтанро доранд, аз санҷиш гузаронида мешаванд.

 

-Шумо мегуфтед, ки ҷалби занон ба Арабистони Саудӣ чӣ гуна сурат мегирад?

 

-Тайи 17 соле, ки муҳоҷирони мо дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, 16 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар хориҷи кишвар мебошад.

 

Ҷалб шудани занони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ тамоили замони ҳозира буда, шумораи занон-муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз аз рӯз меафзояд, ки онҳо бо талаби корфармоён ба хариду фурӯши молҳои гуногун, дар соҳаи саноат, сохтмон, дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо, дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд.

 

Дар асл сатҳи муҳоҷирати меҳнатии занон он қадар баланд набошад, ҳам аммо пайваста афзоиш ёфта истодааст. Бо сабаби инкишоф ёфтани соҳаи муҳоҷират шумораи занон рӯз аз рӯз ба он зам мешавад. Чи тавре, ки ҳозир мебинем, асосан, занон маҷбуранд, ки бо сабабҳои шахсӣ ва оилавӣ мустақилона маблағ кор кунанд, аз ин рӯ, мумкин аст дар оянда ин омил инкишоф ёбад, чунки занон таҳти таъсири шиносҳо ва хешу табор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро шурӯъ мекунанд.

 

Мушкилоти иҷтимоӣ, ки ба муҳоҷирати меҳнатии занон алоқаманд аст, набояд ҷиҳатҳои мусбии муҳоҷиратро доғдор намояд. Бо инкишоф додани ҷабҳаҳои имкониятҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ба занҳо барои ба даст овардани муваффақият ва мақсадҳои худ кӯмаки амалӣ мерасонад. Мо паҳлӯҳои мусбию манфии раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар таҷриба дидем, омӯхтем ва ҳамеша пайи бартараф кардани ҷиҳатҳои манфии он ҳастем.

 

Аз ин рӯ, қабл аз имзои Ёддошти тафоҳум мо ҳама паҳлӯҳои масъаларо дида баромадем. Тавре қайд кардем, мо ба хулосае омадем, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ба занони то синни 30-сола, ки танҳо сафар кардан мехоҳанд, раводид дода намешавад ва агар хоҳиши кор дар Арабистони Саудиро доранд, метавонанд бо ҳамсарони худ, ё оилаҳояшон бираванд.

 

-Дар мамлакати Арабистони Саудӣ чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз кадом давлатҳо?

 

-Бояд қайд кунам, ки дар Арабистони Саудӣ зиёда аз 7 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият менамоянд, ки инҳо шаҳрвандони давлатҳои Индонезия, Таиланд, Хиндустон, Филиппин, Чин, Ветнам ва Украина мебошанд. Аксари табибони Украина имрӯз дар Арабистони Саудӣ фаъолият доранд.

 

Имзои Ёддошти тафоҳум қадами аввалин буд, ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ин ҳамкориҳо баҳри танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум мусоидат мекунад. Зимнан бояд қайд кунам, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баъди Украина ягона давлате мебошад, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Мамлакати Арабистони Саудӣ шартнома баст.

 

- Оё шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз имконоти Шумо танҳо ба хотири ҳаҷ кардан ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафар кунанд?

 

-Ин тамоман номумкин аст. Тавре қайд кардем, дар рафти вохӯриҳо мо масъалаи ҳаҷ кардани шаҳрвандонро тамоман баррасӣ накардем, чунки ин масъала ба салоҳияти Вазорати Фарҳанг, Кумитаи дин ва Вазорати корҳои хориҷӣ вогузор карда шудааст. Мақсади мо, як бори дигар такрор ҳам шавад, танҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ҳасту халос. Дар мавриди адои ҳаҷ бошад, шаҳрвандон метавонанд бевосита ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намоянд.

 

-Шумо кай курсҳои омӯзишӣ таъсис медиҳед ва аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба мамлакати Арабистони Саудӣ кай равон мекунед?

 

-Бо раиси Комиссияи ин мамлакат Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ қарордод намудем, ки дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе вохӯрии навбатӣ доир намуда, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо ва урфу одати мамлакати Арабиситони Саудиро таъсис диҳем. Дар назар аст, ки аввалин муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли равон ва аввали соли 2010 ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд.

 

Бояд зикр кунам, ки тартиби равон кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва интихоби онҳо дақиқ ва ҷиддӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумот бо телефонҳои 233-07-09 ва 233-09-94 ба шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд. Рӯйхати касбҳои дархостшаванда, ки аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудӣ пешниҳод гар-дидааст, дар матбуоти даврӣ рузҳои наздик нашр мегардад.

 

- Таассуроти Шумо аз натиҷаҳои ин сафар чӣ гуна аст?

 

-Албатта, Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта буда, дорои захираҳои бойи нафту газ мебошад. Мо бо ин кишвари дӯст қариб урфу одати ба ҳам монанд дорем ва инро худи саудиҳо низ иқрор мешаванд. Раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал-Баддоҳ мӯътақид бар он аст, ки: «Урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик ба мардуми мо қаробат дорад. Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мо худ шоҳиди он будем, ки мардуми тоҷик то чӣ андоза меҳнатдӯст аст. Вақте, ки инсон меҳнатдӯст аст, дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро низ доро мебошад ва ин хеле муҳим аст».

 

Пазироии гарме, ки онҳо аз мо карданд, далели гуфтаҳои болост. Ин самимият дар ҳар як вохӯриву мулоқот бо намояндагони ин мамлакат эҳсос мегардид. Чизи дигаре ки диққати моро чалб намуд, ин истифодаи васеъи фурузонакҳои каммасраф буд. Дар шаҳрҳои Ар-Риёз, Тоиф, Макка, Мадина ва ҳар як сохтору муассисаҳои давлатие, ки мо будем саросар аз лампаҳои камхарч истифода мекарданд ва ин бори дигар сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи фурузонакҳои каммасраф собит месозад.

 

Дар охир бояд қайд намоям, ки саҳми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ташкилу баргузории ин вохӯриҳо калон аст. Барои дастгирӣ ва кӯмаки беандозааш ба ҷаноби сафир мӯҳтарам Салоҳиддин Насриддинов аз номи Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ изҳори миннатдорӣ баён менамоям.

 

Абдуваҳҳоби АБДУСАТТОР,

Моҳлиқои ШАРИФОВА

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854