19:11:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ СОЗИШНОМАИ МУҲОҶИРАТРО ИМЗО МЕКУНАНД

Сафиаллоҳ Девонаев, раиси хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷашанбеи 7 феврал ба манзури имзои созишномаи муҳоҷират миёни миёни Тоҷикистон ва Русия озими Маскав шуд.

/images/stories/2013/02/07_devonaev-07022013.jpgДафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ки қарор аст, фардо, ҷумъаи 8 феврал дар шаҳри Маскав бо ҳузури Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромодановский, раҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия, маросими ба имзо расидани созишномаи буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия сурат бигирад.

Пас аз имзои ин санади ҳамкорӣ ва мавриди иҷро даромадани он, шаҳрвандони  Тоҷикистон ҳуқуқи 15-рӯзаи иқомати бидуни сабт дар қаламрави Русияро дарёфт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун ин мӯҳлат танҳо 7 рӯзро дар бар мегирифт.

Зимнан, тавофуқи ҷонибҳо барои имзои созишномаи мазкур дар ҷараёни дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба даст омада буд.

Омодагиҳо барои имзои созишномаи умури муҳоҷират миёни Маскаву Душанбе дар ҳолест, ки дирӯз низ вазирони энержии Русияву Тоҷикистон Александр Новак ва Шералӣ Гул дар Маскав ба қарордоди ҳамкорӣ дар бахши содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон имзо карданд.

Тибқи ин қарордод, Русия боҷи гумрукиеро, ки соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, аз байн бурда, танҳо дар соли 2013 ба Душанбе бидуни боҷ 1 миллион тонна маводи сӯхт хоҳад дод.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод гуфт, ҷониби Тоҷикистон, бар асоси ин қарордод, ҳаққи содироти дубораи маводи сӯхти бебоҷ ба кишварҳои севумро надорад.

Лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ як ваъдаи Русия дар ивази созишномаи моҳи октябр имзошуда роҷеъ ба тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон то соли 2042 буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi