04:03:13 14-уми Июни 2025 сол

Эъзоми ҷангандаҳои британиёӣ ба Кипр

Британияи Кабир шаш ҳавопаймои ҷангандаи Typhoon-и худро дар Кипр мустақар кард. Бино ба хабаре, ки ин лаҳзаҳо расонаӣ шуд, ҷангандаҳо дар пойгоҳи ҳарбии Акротирӣҷо ба ҷо карда шуданд. 

syria-domascus 5466Дар хабари вазорати мудофиаи Шоҳигарии Британия омадааст, ки ин тадбир ба хотири ҳифзи манфиатҳои кишвар дар сурати тезутунд шудани авзоъ дар минтақа андешида шудааст. Аммо қарор нест, ки ин ҷангандаҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ алайҳи Сурия истифода шаванд. Аз ин пештар чандин воситаҳои ахбори Британия хабар дода буданд, ки дар доираи омодагии эҳтимолии амалиётҳо ба муқобили Сурия  Британияи Кабир ҷангандаҳо ва тайёраҳои боркаши худро ба Кипр интиқол медиҳад.

Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷшанбе вазири корҳои хориҷии Кипр Иоаннис Касулидис ба хабаргузориҳо гуфт, ки ба андешаи ӯҷангандаҳои Британия мустақар дар ин кишвар барои ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурия нақши калидӣ нахоҳанд дошт. 

Ин шабу рӯз вазъ дар Сурия ба ҳассостарин лаҳазоти худ расидааст. Нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла киштиҳои ҳарбии ИМА, Британияи Кабир, Фаронса тадриҷан атрофи ин кишварро печидаанд. Ба минтақа бештар аз пештар нерӯҳои ҳарбӣ интиқол дода мешаванд.

Ахиран ИМА ҳатто гуфт, мунтазири эълони натиҷаи кори бозрасони СММ, ки ҳамакнун истифодаи силоҳи химиявӣ дар ҷангҳои дохилии Сурияро мавриди санҷиш қарор медиҳанд, нест. Дабири кулии СММ Пан Ги Мун аз ин гуна изҳори назари Кохи Сафед нигаронӣ кард ва бо ирсоли номае аз Вашингтон хост бозгашти ҳайати эъзомии байналмилалиро мунтазир бошад.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854