21:32:57 04-уми Июни 2025 сол

60 дарсади идораву корхонаҳои давлатии Кӯлоб бебарқ мондаанд

Тақрибан як ҳафта боз аксари муассисаву идораҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Масъулони идораи шабакаи барқи Кӯлоб рӯзи 10 сентябр ба мо гуфтанд, ки интиқоли барқ ба ҳудуди 60 дарсади идораву корхонаҳои давлатӣ, ба хусус мактабҳо, марказҳои фарҳангиву фароҳатӣ ва он муассисаҳое, ки буҷетианду пули барқро напардохтаанд, қатъ шудааст.

kulob-bebarq-457878Ин масъулон мегӯянд, пули истифодаи нерӯи барқи ин идораву муассисаҳо тавассути вазорати молия пардохт мешавад, аммо азбаски то кунун пардохт нашудааст, шабакаҳои барқ тасмим гирифт, ки интиқоли барқ ба корхонаву идораҳои қарздорро қатъ кунад.

Бахром Рустамов, сардори бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳрдории Кӯлоб низ ба мо гуфт, "як ҳафта боз Маркази фарҳангии ҷавонон барқ надорад. Сабаби асосӣ он аст, ки идораи молияи шаҳр маблағи барқро барои ин марказ ҷудо накардааст." Вай мегӯяд, "ин вазъ ба он боис шуд, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳрдории Кӯлоб  чорабиниҳоеро, ки ба муносибати ҷашни Истиқлол дар назар гирифта буд, натавонист баргузор кунад."

Ба иттилоъи масъулони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Кӯлоб. танҳо ин муассиса аз шабакаи барқ беш аз 51 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854