01:56:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард

Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард. Ин тасмим рӯзи сешанбеи 10 сентябр дар нишасти навбатии эътилофи мавсум ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) эълон гардид.

bobonazarova 458986Раҳматулло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократ (ҲСДТ) низ ба дунболи тасмими ҲНИТ бо ҳимоят аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки  ҳизби ӯ ба хотири ҳифзи ИНИТ ва ширкат дар интихоботҳои минбаъда аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ мекунад.

Худи Ойниҳол Бобоназарова таъкид кард, ки бисёр мехост, то Муҳиддин Кабирӣ ё Раҳматулло Зоиров номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ шаванд, аммо чун эътилоф чунин тасмимеро гирифт, аз он ҳимоят ва барномаҳояшро амалӣ хоҳам кард.

Гурӯҳи кории эътилофи ИНИТ ҳанӯз рӯзи 9 сентябр номзадии Ойниҳол Бобоназароваро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тавсия карда буд. Муҳиддини Кабирӣ билофосила пуштибонии ҳизбаш аз ин номзадро изҳор дошт ва гуфт, пешбарии Бобоназарова тавони эътилоф барои тавофуқ дар чунин масоили ҳассосрол нишон медиҳад.

Аммо пешниҳоди номзад аз ҷумлаи занон ва он ҳам аз сӯи мухолифин чӣ маъно дорад ва то куҷо фазои интихоботиро дигар мекунад?

Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии “Бозтоб”, яке аз муаллифони ин пешниҳод дар гузашта буд. Вай мегӯяд, дар шароити кунунӣ номзади мувофиқтарин барои мухолифин танҳо зан буда метавонад: “Аз афроди нерӯманд ва саршинос агар нафаре вориди сабқат шавад, ҳатман қурбонӣ мешавад. Интригаҳои интихобот ҳанӯз маълум нашудаанд. Зан ба ҳар ҳол як чеҳраи хашин нест ва буда ҳам наметавонад. Таҷрибаи наздиктарин дар Қирғизистон нишон дод, ки барои давраи гузариш раҳбарии зан дурусттар аст. Он ҷо ҳам таърихан ягон зан раҳбар набуд. Дар ин муддат ҳангоми муборизаҳо маълум мешавад, ки амалан чӣ касе бояд сари қудрат ояд?”

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аввалин эътилофи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст, ки сари номзади ягона тавофуқ ҳосил мекунанд. Ин гуна эътилофҳо дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии солҳои 1999, 2005 ва 2006 ҳам рӯи кор омада, аммо дар пешбарии номзади ягона ба ҷое нарасида буданд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст. Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки  дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд.Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi