12:34:56 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти зани тоҷик барои кӯмак ба "террористон"

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ин зан ҳамчунин кӯмак кардааст, ду узви Ҳаракати Исломии Туркистон аз қаламрави кишвар фирор кунанд. Маъмурони амниятии Тоҷикистон як зани 37-соларо бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва кӯмак ба аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон боздошт кардаанд.

naruchnik-45969696Нигина Тошхоҷаева, сокини ноҳияи Рудакӣ нимаи дуввуми моҳи август ҳангоми фиристодани як ҷавон барои «ҷиҳод ба Афғонистон» дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Дар амри додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар бораи боздошти Нигина Тошхоҷаева, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта мешавад, ки ҷавонзани тоҷик ба «ширкат дар иттиҳоди ҷиноӣ, иттиҳоди муассисон ва ё раҳбарон»-и чунин созмонҳо муттаҳам мешавад.

Парвандаи ҷиноии Нигина Тошхоҷаеваро, ки як дафъа аз Афғонистон ҳам ихроҷ шудааст, муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, хонум Тошхоҷаева, ба фирори Ғайбулло Носиров ва Нишоналӣ Абдуназаров, ду узви Ҳизби Исломии Туркистон, (собиқ Ҳаракати Исломии Узбакистон), ки дар кишвар ҷустӯҷу мешуданд, мусоидат кардааст ва ҳамчунин қасд доштааст, як шаҳрванди дигари кишварро "барои ҷиҳод ба зидди кофирон" (ҷанг ба зидди нерӯҳои хориҷӣ) ба Афғонистон бифристад.

Дар амри додгоҳ омадааст, ки Нигина Тошхоҷаева бо шарикаш Суҳбатулло Бегов, сокини Душанбе бо дарёфти раводид, Ғайбулло Носировро ҳамроҳи зану ду фарзандаш ба Афғонистон ва Нишоналӣ Абдуназаровро бо зану як фарзандаш ба Эрон фиристодаанд. Бар асоси парванда, хонум Тошхоҷаева ҳамаи ин корҳоро бо ҳидоят ва дар ивази подоши молӣ аз Насим ном, узви Ҳизби Исломии Туркистон (Ҳаракати Исломии Узбакистон) анҷом медодааст ва ҳарду умтадан аз тариқи почтаи электронӣ ва телефон дар иртибот будаанд.

Ҳамчунин дар амри додгоҳ омадааст, ки «Насим», аз тариқи Интернет ду шаҳрванди Тоҷикистон падару писар Нӯъмон ва Маъруф Ғафуровҳо, сокинони ноҳияи Шаҳринавро «ба дом» афтонда ва онҳоро мутақоид кардааст, ки ба «ҷиҳод ба зидди кофирон» дар Афғонистон бипайванданд.

Ба гуфтаи муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъди дидани наворҳои тарғиботии Ҳизби Исломии Туркистон дар Интернет, Нӯъмон Ғафуров «говҳояшро фурӯхта» ва бо маслиҳати Насим аз Нигина Тошхоҷаева барои фиристодани писараш ба Афғонистон кӯмак хостааст. Баъди омода шудани ҳамаи санадҳо ва билети ҳавопаймои Душанбе-Теҳрон, Нӯъмон Ғафуров ва Нигина Тошхоҷаеваро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Фаъолияти Ҳизби Исломии Туркистон, ки як созмони террористӣ дониста мешавад, дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Дар бораи фарди миёнарав, Суҳбатулло Бегов, ки раводидро ӯ дарёфт мекардааст, дар ин парванда чизе гуфта нашудааст ва аз куҷо будани Насим ҳам маълум нест. Дар Тоҷикистон агарчӣ дар гузашта агарчӣ даҳҳо нафарро асосан ҷавононро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротгаро ва ё ҳамдастӣ бо онҳо боздошту зиндонӣ кардаанд, аммо бо чунин иттиҳом боздошт шудани зан бисёр кам ба назар мерасад. Нигина Тошхоҷаева соҳиби як фарзанд ва таҳсилкардаи донишгоҳ ва зодаи ноҳияи Рудакӣ будааст. Дар сурати собит шудани иттиҳомот мумкин аст, ӯро аз 8 то 12 соли зиндон маҳкум кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi