19:51:28 04-уми Июни 2025 сол

Ифтитоҳи муҷаддади “Хонаи синамо” дар Эрон

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Хонаи синамо” бори дигар дарҳои худро ба рӯи ҳаводоронаш боз кард. Ин яке аз баландмартабатарин созмони синамогарони эронӣ ба шумор рафта, бештар аз панҷ ҳазор дар он узвият доштанд ва моҳи январи соли 2012 аз ҷониби ҳукуматдорони ин кишвар баста шуда буд. Дар ин бора ожонсии хабарии Middle East Online иттилоъ дод.

movie camera 26120Гуфта мешавад, ки он замон “Хонаи синамо” ба иттиҳоми сохтаи номувофиқатии низомномаи он ба Конститутсияи Эрон аз фаъолият боздошта шуда буд. Аммо худи синамогарони эронӣ мегӯянд сабаби баста шудани “Хонаи синамо” фестивали навбатии ҳамасола шуда буд, ки дар иддае аз филмҳо ишораҳои танқидӣ ба фаъолияти ҳукуматдорон садо медод. Иқдомоти мақомоти ҳукуматӣ он замон муҷиби интиқодоти шадиди ҷомеаи синамогарони эронӣ шуда буд.

Ҳуҷҷатулло Аюбӣ, ноиби вазири фарҳанги Эрон дар маросими ифтитоҳи муҷаддади “Хонаи кино” ибтикори ҳукумати собиқро ба боди интиқод кашид ва ифтитоҳи дубораи созмонро кӯшишҳои ҳукумати нав дар роҳи рушди санъат дар кишвар унвон кард.  

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854