19:36:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои чорошёнае мавриди истифода қарор дода шудааст, ки қарор аст дар он омӯзгорон зиндагонӣ кунанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат бинои мазкур аз хонаҳои се, ду ва якҳуҷраӣ иборат буда, бо 6 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои нимасохт аз буҷаи ҷумҳурӣ қомат рост кардааст. Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба шимоли кишвар ҳамчунин аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва дигар иншоотҳои навободу корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан кардааст.

***

Пулиси шаҳри Малберрии штати Флорида роҳиби исломситези амрикоӣ Терри Ҷонсонро, ки мехост 3 ҳазор адад китоби муқаддаси Қуръонро ба оташ кашад, боздошт намуд. Пулис мегӯяд роҳиб замоне боздошт шуд, ки бордони мошинаш пур аз китоби муқаддаси олуда бо керосин буд. Ин роҳиби Худобехабар аз соли 2011 ба инҷониб пайваста Қуръон ба оташ мекашад. Додгоҳи Мисри замони Мурсӣ барои тавлиди филми тавҳиномез дар бораи Пайғамбар (с) ӯро ба марг маҳкум карда буд. 

***

Президенти Русия эълон кард, ки кишвараш аз иқдоми Эрон дар мавриди ошкорсозии барномаҳои атомиаш истиқбол мекунад. Владимир Путин, ки баъди мулоқот бо ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Паймони Шанхай сӯҳбат мекард, иброз дошт: "Мо ба ин назарем, ки Эрон чун ҳамаи кишварҳои дигар ба истифодаи сулҳомези атом ҳақ дорад, аз ҷумла вай ҳам метавонад уранро ғанӣ созад ва бо мақсадҳои осоишта истифода барад. Вале табиист, ки бояд ин барномаҳо зери назорати созмони байналмилалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) роҳандозӣ шаванд. 

***

Ҷопон омодааст саноати Туркманистонро бештар аз 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Дар ин бора муоҳадаҳое ҳикоят мекунанд, ки дар ҷараёни сафари Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин кишвар имзо шудаанд. Аксари созишномаҳои ҳосилшуда дар соҳаи нафту газ мебошанд ва мақомоти туркман мегӯянд ин айни он чизест, ки Туркманистон ба он ниёз дорад. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин сафар бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ва император Акихито дидор ва гуфтушунид кард. 

***

Қарор аст дар ҷараёни баргузории  Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк вазирони умури хориҷии Британияи Кабир Вилям Ҳейг ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бо ҳам мулоқот кунанд. Дар ин бора рӯзи душанбе аз вазорати корҳои хориҷии Британия Кабир ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд. Ин аввалин мулоқоти сарварони идораҳои дипломатии ду кишвар баъди баста шудани сафорати Британия дар Теҳрон мебошад. Соли 2011 баъди ҳамлаи гурӯҳҳи ифротгаро Лондон эълон кард, ки дар ин кор давлат даст дорад ва сафорати худро дар Теҳрон таътил кард.

***

Бар асари инфиҷор дар марзи Афғонистон бо Покистон субҳи рӯзи душанбе як генерал ва як сарҳанги артиши Покистон ба ҳалокат расиданд. Ҷузъиёти бештаре аз ин таркиш интишор нашудааст ва то замоне, ки хабар таҳия мешуд ҳеҷ гуруҳе масъулияти онро ба ӯҳда нагирифта буд. Аммо пулис мегӯяд эҳтимол дорад ин амали дасти Толибони Покистон бошад, ки вақтҳои охир дар ин минтақа басо фаъол шудаанд.

***

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлол бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як гуруҳи ҳунарпешаҳо, аз ҷумла ба ҳунарманди Театри давлатии шаҳри Қурғонтеппа Аловиддин Абдуллоев унвони Ҳунарпешаи халкии Тоҷикистон, ба овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов унвони Ҳофизи халкии Тоҷикистон, ба раҳбари бадеии Ансамбли давлатии Шашмақом Фурқат Саидов, ба ҳунарманди ансамбли давлатии "Фалак" Рузибой Идиев ва ба  ҳунарманди ансамбли рақсии "Гулрез" Зайнаб Баротова унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода шуд. Ҳайати эҷодии  ҳафтаномаи "Рӯзгор" ҳунармандони мазкурро бо ин унвонҳо табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.

***

Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, раҳбари бадеии ансамбли давлатии Сомон дар фестивали байналмилалии "Шеъру суруди Разавӣ" дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯзи 17-уми сентябри соли 2013 ба кори худ шуруъ кард, ширкат намуда, кишвари моро дар он намояндагӣ мекунад.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi