13:43:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Коммунистҳо Исмоил Талбаковро номзад интихоб карданд

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо баргузории анҷмуман, Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизбро номзад ба интихоботи прездентии 6 ноябр муаррифӣ кард. Хабарнигори мо, ки дар ин анҷуман иштирок дошт, гуфт, ки Исмоил Талбаков, аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб пешниҳод шуд ва аз ҷониби кулли аъзоёни ҳизб пазируфта шуд. Шодӣ Шабдолов, гуфтааст, иштироки ҳизби коммунист дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ хеле муҳим аст ва "агар иштирок накунем бар зарари ҳизб хоҳад буд."

ismoil-talbakov-457887Ин дар ҳолест, ки масъулони ҳизби коммунист гуфта буданд, барои номзадӣ ба мақоми презиндетӣ се нафар аз шахсиятҳои маъруфи ин ҳизб дар назар ҳастанд, аммо Исмоил Талбаков ягона номзад дар ин анҷуман пешниҳод шудааст. Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо ширкати 86 вакил аз тамоми гушаву канори Тоҷикистон ва бо ҳузури меҳмонон баъд аз зуҳри рӯзи 23-уми сентябр баргузор шуд.

Ҳамчунин ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар охири анҷумани худ, изҳороте дар робита ба қазияи Сурия қабул намудааст, ки дар ин росто, ин ҳизб пуштибонии худро аз талошҳои Русия барои ҳалли мусолиматомези қазияи Сурия баён кардааст.

Исмоил Талбаков, субҳи имрӯз ба мо гуфта буд, ба дунболи анҷумани ҳизб, ҳамоише бо ҳузури вакилону меҳмонон баргузор мегардад, ки ба 70 солагии зодрӯзи Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон ихтисос мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле ки Шодӣ Шабдолов, беш аз 20 сол боз раҳбарии ҳизби коммунистро бар душ дорад ва қабл аз истиқлол дар даврони шӯравӣ, котиби кумитаи иҷроияи ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон то кунун дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонии Тоҷикистон бо пешбарии номзадҳояш ширкат кардааст. Ҳарчанд дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ин ҳизб Исмоил Талбаков буд, вале натавонист раъйи кофиро ба даст орад.

Дар гузашта ҳизби коммунисти Тоҷикистон, танҳо ҳизби яккатоз дар сиёсати Шуравӣ буд, аммо пас аз фурупошии ин низом ва касби истиқлоли Тоҷикистон бисёрҳизбӣ руи кор омад ва ҳамакнун 8 ҳизби сиёсӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон фаъол мебошад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳизби порлумонӣ маҳсуб мешавад ва дар ин ниҳоди қонунгузори кишвар ду нафар намоянда дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi