04:44:12 03-уми Июни 2025 сол

Ҳамоиши муколамаи забон ва фарҳанг дар Душанбе

3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳомоиши "Муколамаи забон ва фарҳанги ИДМ ва СҲШ дар асри XXI" баргузор мешавад. Ҳамчуноне намояндаи хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба "Рӯзгор" гуфт, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии лингвистӣ гузаронида мешавад ва макони баргузории он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.  

donishgohi davlatii millii Дар доираи ин ҳамоиш баргузории ҷаласоту мизҳои гирди табодули таҷриба ва баҳсҳои илмӣ дар масъалаҳои шарокати давлатӣ-конфессионалӣ, нақш ва ҷойгоҳи омодагиҳои забонӣ дар маориф, системаҳои миллии гуногунсатҳи омодасозии кадрҳо дар самти маорифи маънавӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ҳамоиш олимони варзидаи соҳаи забон, мутахассисони макотиби олӣ, шӯроҳои байни мактабҳои олӣ аз мамлакатҳои ИДМ даъват шудаанд. Манбаъ афзуд, ки ин як чорабинии анъанавист ва он дар гӯшаву канори давлатҳи узв сари чанд вақт баргузор мешавад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854