04:43:10 03-уми Июни 2025 сол

Сехи дузандагии Хоруғ як сол боз фаъолият мекунад

Кормандони сехи дузандагии шахри Хоруг фаъолияти яксолаашонро қайд мегиранд. Охири сентябри соли 2012 бо ташаббуси агентии таъминоти маводи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин корхона дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд.

sekhi-duzandagi-469889Инак кормандони ин сехи дузандагӣ фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуданд. Бино ба гуфтаи Сусанна Муродбекова, роҳбари ин корхона дар тули як сол қариб 12 ҳазор адад мавод истеҳсол гардида дӯхта ва тайёр карда шуд. Бо истифода аз таҳҷизоти муосир дар ин ҷо намудҳои мухталифи либосворӣ, болишту тагсар ва рахти хоб духта мешаванд.

Аз ҷониби қисмҳои низомии мустақар дар Бадахшон, беморхонаи вилоятӣ ва муассисаи тафтишотӣ ва нигаҳдории мувақатии шаҳри Хоруғ фармоишҳоро қабул намуда, кормандони корхонаи мазкур пайваста аз кор таъмин мебошанд.

Дар тӯли сол дар ин сехи дузандагӣ барои низомиён 10 ҳазор адад рахти хоб, 500 адад тагсар, барои беморхонаи вилоятӣ 140 адад ва инчунин барои муассисаи тафтишотӣ ва нигаҳдории мувақатӣ 120 адад рахти хоб духта омода карда шуд.

Анборхонаҳои пури ин корхона оаз он шаҳодат медиҳанд, ки кор дар ин ҷо бо ҷӯшу хурӯш меравад.

Алишер Ҷунайдов «Рӯзгор» Хоруғ, ВМКБ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854