15:48:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боғи Бадахшон: Ҳосил хуб, вале талаф меёбад

Боғи Бадахшон дар таъмин намудани мағозаҳо ва бозорҳои шаҳри Хоруғ аз маҳсулоти мевагӣ имрӯз метавонад саҳми бештар бигирад. Аммо барои коркард ва сифатнок ба савдо баровардани он шароити лозима мавҷуд нест. Алимамади Алимардон чанд сол боз дар ин боғ кор мекунад ва ҳар як бех ниҳолро хуб мешиносад. Чун пайваста дар парвариш ва нигоҳубини он аст. Бино ба гуфтаи ӯ имсол боғи онҳо ҳосили хуб ба бор овардааст.

viloyati-badakhshon-424545Дар ин боғ зиёда аз сӣ намуди дарахтони мевадиҳанда мавҷуданд, ки қисми онҳоро аз дигар давлатҳои дурру наздик овардаанд. Аз намуди меваҳои маҳаллӣ навъи себҳои гуламадӣ, шоҳсеб, саидшоҳӣ, туршсеб ва дигарҳо ва аз намуди себҳо, ки аз мамолики дигар оварда шудаанд, чилинии итолиёӣ, крипсоли амрикоӣ, апорти алматоӣ,ренеткаи сибирӣ семеренкои русӣ ва навъҳои дигар мебошанд.

Шоиста Мубаллиева корманди Пажуҳишгоҳи илмии шаҳри Хоруғ, ки сарпарастии кори боғдории Боғи Бадахшонро бар ӯҳда дорад, мегуяд, ки аз даврони собиқ Шӯравӣ то ба ҳол дар ин боғ намудҳои зиёди ниҳолҳои себу нок шинонда ва парвариш карда шуданд, ки имрӯз самараи хуб дода истодаанд.

Кормандони боғи Бадахшон барои ба савдо баровардани маҳсулоти худ онро бо истифода аз имконоти лозима хушк карда тоза мекунанд ва пас он пешниҳоди мизоҷон менамоянд. Дар ин хона, ки аз боғдорони даврони шуравӣ мерос мондааст, то ба ҳол хушккунии мава сурат мегирад. Аммо чун рақобати бозорӣ зиёд аст, зарурат пеш меояд,то меваи хушкардаи ин боғ сифатнокии баландтарро соҳиб бошад.

Бино ба гуфтаи Шоиста Мубаллиева азбаски зиёд намудҳои маваҷоти ин боғ мавсимианд, на ҳама вақт имконияти ба савдо мондан, интиқол додан ва хушк намудани он фароҳам мебошад. Гарчанд аз бозори марказии шаҳр дар канора қарор дорем, барои интиқоли мева ҳатто мошинаи худӣ надорем. Аммо дар бораи дастрасӣ ва харидани таҳҷизоти мевахушкунанда маҷоли сухан ҳам нест, зеро маблағи кофӣ дастрас нест.

Ҳоло дар ин боғ себ ва нокҳои намудҳои мухталиф рӯи замин рехта, интизори дасти чинанда мондаанд, вале сари вақт имконият даст намедиҳад, то ки кор анҷом ёбад.

Алишер Ҷунайдов «Рӯзгор» Хоруғ, ВМКБ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi