23:09:28 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Оғози сафари Раҳмон ба вилояти Бадахшон

Субҳи рӯзи сешанбе раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафаре корӣ ба вилояти Бадахшон, дар шарқи ин кишвар, сафар кард. Бар асоси иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари серӯзаи худ ба Бадахшонро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз оғоз кардааст.

1111 imomalirahman30000Тибқи хабари ин сойт, ки рӯзи сешанбеи 8 октябр пахш шуд, оқои Раҳмон нахуст дар маросими оғози баҳрабардории як нерӯгоҳи хурд дар ноҳияи Ванҷ ширкат дошт. Дар ин иттилоъия омадааст: "Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз шуд ва дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 800 килувот/соъат нерӯи барқ, ки барои бунёди он беш аз 7 милюну 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сарф шудааст, ба кор дароварда шуд."

Мақомот мегӯянд ин нерӯгоҳи кӯчаки обӣ метавонад ниёзмандиҳои сокинони маркази ноҳияи Ванҷро ба нерӯи барқ таъмин кунад. Сафари кории оқои Раҳмон ба вилояти Бадахшон идома дорад ва қарор аст, ки баъд аз боздид ва мулоқот бо мардуми ноҳияи Ванҷ оқои Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз равад.

Ин дувумин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар моҳи июли соли 2012 ва паёмадҳои он ба вилояти Бадахшон меравад. Ин амалиёти вижа, ки алайҳи афроди мусаллаҳи мухолифи давлат дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июли соли гузашта анҷом шуд, ҳудуди 50 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошта буд.

Ин амалиёт ба дунболи кушта шудани раиси бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон анҷом шуд ва нооромиҳои якмоҳаро дар шаҳри Хоруғ дар пай дошт.

Аз ҷумла, сокинони шаҳри Хоруғ баъд аз ин амлаиёт дар майдони марказии ин шаҳр чандин бор даст ба тазоҳурот заданд. Ҳамчунин, амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ вокунишҳо ва интиқодоти густардаеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба дунбол дошт.

Гуфта мешавад дар рӯзҳои пас аз амалиёти Хоруғ дар бархе аз рустоҳои Бадахшон овезаҳои ҳовии шиъорҳо ва тасовири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, тавассути афроди номаълум хароб карда шуданд.

Коршиносон мегӯянд, ки ин бор оқои Раҳмон ба вилояти Бадахшон барои ба даст овардани маҳбубиятест, ки баъд аз тобистони соли 2012 аз даст додааст. Сафари оқои Раҳмон ҳамчунин бахше аз муборизоти интихоботии ӯ арзёбӣ мешавад.

Аммо Ҷонибек Қозибеков, раиси бахши маҳаллии Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар Бадахшон, авохири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни анҷумани ин ҳизб гуфт сарусадоҳое, ки "гӯё иддае аз ҷавонони бадахшонӣ сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сарвари давлатро ҷонибдорӣ намекунанд", асоси воқеъӣ надоранд.

Вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақае фақрзада ва дурдасти Тоҷикистон буда ва аҳолии он умдатан исмоъилимазҳаб ва дорои забонҳои мухталифи маҳаллӣ ҳастанд.

Бештари ҷавонон аз ин минтақа дар солҳои ахир барои таъмини маъоши хонаводаҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, муҳоҷир ва иддае ҳам дар он кишварҳо мондагор шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi