04:38:29 03-уми Июни 2025 сол

Боздошти як додрас дар Суғд бо ҷурми фасодкорӣ

Мақомоти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як додрасро ҳангоми ришваситонӣ боздошт кардаанд. Сӯҳроб Қоҳирӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 22-юми октябр ба мо гуфт, Дилшод Рафиев, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд моҳи октябри соли 2013 ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноӣ, аз айбдоршаванда Сайдуллоҷон Пӯлодов барои сабук кардани ҷазо маблағи 4 ҳазор доллар талаб кардааст.

bozdosht-5863211Ба гуфтаи команди Оҷонсӣ, Дилшод Рафиев дар таърихи 11- уми октябр дар дафтари кориаш аз Сайдуллоҷон Пулодов талаб кардааст, ки қисме аз ин маблағ-2500 долларро ба дасти нафаре бо номи Алишер Усмонов ба ӯ расонад. Алишер Усмонов, дар асоси маслиҳати пешакӣ, ки бо Рафиев доштаст, 800 доллар ва 900 сомониро аз Пулодов дар кӯчаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд гирифта, онро ба Дилшод Рафиев додаст.

Дилшод Рафиев, додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 16-уми октябр аз Пулодов хостааст, ки 500 доллари боқимондаро ба ӯ бидиҳад. Рӯзи 19-уми октябри соли 2013 Рафиев маблағи 500 долларро ба воситаи котибаш Ҷумъаев дастрас кард ва дар ҷараёни гирифтани ин маблағ ки аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир шуд.

Ба гуфти Сӯҳроб Қоҳирӣ дар заминаи ин ҳодиса алайҳи додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Рафиев бо иттиҳоми ришваситонӣ ва алайҳи корширики ӯ Алишер Усмонов бо ҷурми ширкат дар ҷиноят парванда боз шуд. Ба гуфти мақомот, айни ҳол Рафиев ва Усмонов дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва тафтишот идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854