11:44:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Минск ҷамъ омаданд

Дар шаҳри Минск бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ифтитоҳ шуд. Дар маросиме ба ин муносибат раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини нахуствазири Белорус Анатолий Калинин ширкат доштанд.

saroni-idm-8845587.jpgБа иттилои сомонаи president.tj, бинои нави сафорат сеошёна буда, дар он шароити зарурии корию маишӣ барои дипломатҳо ва пазироии меҳмонон муҳайёст. Дар боғи сафорати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Анатолий Калинин ниҳолҳои себ шинонданд. Дар толори ҷамъомадҳои бинои нави сафорат раҳбари Тоҷикистон бо тоҷикони муқими Беларус ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Минск мулоқот кард. Ба иттилои расмӣ, айни ҳол дар донишгоҳҳои Белорус беш аз 200 нафар ҷавонони тоҷик ба донишомӯзӣ машғуланд.

Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ширкат дар нишасти сарони Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд вориди Минск шудааст. Ба иттилои расмӣ, ин нишаст рӯзи ҷумъа бо мулоқоти сарони кишварҳои узв, ба ҷуз Туркманистон ва Қирғизистон, ки аз онҳо муовинони нахуствазирҳо намояндагӣ мекунанд, шурӯъ хоҳад шуд. Баъдан ҷонибҳо дар ҳайатҳои густурда ва бо ширкати намоядагони идораву вазоратхонаҳо сари мизи музокирот менишинанд, ки қарор аст бо имзои санадҳои муштарак анҷом ёбад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ Сергей Лебедев ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар нишасти сарони кишварҳо 14 мавзӯи марбут ба бахшҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва башарӣ баррасӣ мешавад. Аз ҷумла қарор аст, ки онҳо дар мавриди Соли ҷаҳонгардӣ дар Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсудэълон кардани соли 2014 ва ба шарафи 70-солагии Рӯзи Ғалаба Соли собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ эълон кардани соли 2015тасмим бигиранд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки шаҳрҳои Алмаатои Қазоқистон ва Бишкеки Қирғизистон ба ҳайси марказҳои фарҳангии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд пазируфта шаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi