02:51:14 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳалокати се ҳунарманди эронӣ дар як тирандозӣ дар Ню-Йорк

Тибқи гузоришҳо, ду узви эронитабори гурӯҳи мусиқии роки Yellow Dogs рӯзи душанбе дар ҷараёни тирандозӣ дар Ню-Йорк, ҳамроҳ бо ду тани дигар, аз ҷумла фарди тирандоз, кушта шудаанд. Ин тирандозӣ як захмӣ низ бар ҷой гузоштааст.

kushtor-48521336Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, дар соатҳои аввали бомдоди рӯзи 11-уми октябр шахси тирандоз, ки аз яъзои як гурӯҳ роки дигар буд, бо вуруд ба бинои маҳали зиндагии ин афрод дар Бруклин, ба рӯи онҳо оташ кушод ва пас аз кушта шудани се тан аз ҳозирон ва захмӣ кардани як фарди дигар, ба пушти бом рафта, худкушӣ кардааст.

Ба навиштаи New York Times, Алӣ Солеҳзода, мудири гурӯҳи Yellow Dogs гуфтааст, ки дар ҷараёни ин тирандозӣ Суруш Фарозманд, гиторнавози ин гурӯҳ ва бародараш Ораш Фарозманд, ки дар ин гурӯҳ кор мекард, ба ҳамроҳи як мусиқидонӣ эронии дигар бо номи Алии Искандариён, ки ба ин гурӯҳ вобаста набуд, кушта шудаанд. Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, овозхон ва навозандаи гурӯҳ дар вақти тирандозӣ дар хона набудаанд.

Ин хабаргузорӣ гузориш додааст, ки як ҳунарманди 22-солаи дигар низ дар ин тирандозӣ аз ноҳияи бозуяш захмӣ шуда ва дар бемористон мавриди муолиҷа қарор дорад. New York Times ин фардро Сосон Содиқ муаррифӣ карда ва афзудааст, ки вай пас аз муолиҷа бемористонро тарк кардааст.

Алӣ Солеҳзода, раҳбари гурӯҳи Yellow Dogs  гуфтааст, ки фарди тирандоз як амрикоии эрониюласл ва аз аъзои гурӯҳи эронии дигар ба номи Free Quis буда, кушташудагонро мешинохтааст, аммо чанд моҳ боз бо онҳо иртибот надошт. Мақомоте, ки ба баррасии ин ҳодиса сару кор доранд, ҳадс мезананд, ки ихтилофоти молӣ сабаби ин тирандозӣ шудааст.

Гурӯҳи мусиқии роки Yellow Dogs соли 2006 дар Теҳрон шакл гирифта буд. Ин гурӯҳ яке аз сюжетҳои филми "Касе аз гиряҳои эронӣ хабар надорад", асари дар соли 2009 сохтаи Баҳман Фарҳодӣ буд. Аъзои ин гурӯҳ дар моҳи январи соли 2010 барои баргузории консерт дар Туркия Эронро тарк карданд ва пас аз он низ ба Ню-Йорк рафтанд. Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, ду узви кушташудаи ин гурӯҳ ба тозагӣ дар Амрико паноҳандагии сиёсӣ ба даст оварда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi