16:00:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Соҳибкори маъруфи кишвар ва бунёдгузори ҳизби сабти номнашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов, ки ахиран аз ширкат дар мурофиаҳои судӣ даст кашида буд, бори дигар ба мурофиа ҳозир шуд. Бино ба иттилои вакилони мудофиа ин бор низ бахши таҷовуз ба номуси парвандаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифт ва нишондоди ҷабрдида Г.Е. ва як зан Г.В. ба сифати шоҳид шунида шуданд. Вакилони мудофиаи соҳибкор ният доранд, ки бори дигар ба суд дар бораи гузаронидани ташхиси мустақили генетикии ДНК-и кӯдак дархост пешниҳод намоянд.

Мурофиаи судии Зайд Саидов сар аз рӯзи 12-уми сентябр пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 250 (Тамаъҷӯӣ), 319 (Ришва), 314 (Суистифода аз мансаби хизматӣ), 247 (Қаллобӣ), 170 (Бисёрзанӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶҶТ айбнома пешниҳод кардааст. Аммо Зайд Саидов ва ёронаш ин парвандаро сиёсӣ меноманд ва мегӯянд иртибот ба ташаббуси ӯ дар мавиди таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дорад.

***

Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз фавти 4 зоири хонаи Худо дар ҷараёни ҳаҷҷи имсол хабар дод. Инҳо Талбак Одинаеви 73-сола, сокини шаҳри Душанбе, Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, Акаҷон Ашӯрови 74-сола, сокини ноҳияи Хуросон ва Садбарг Асоеваи 49-сола, сокини ноҳияи Ҳисоранд. 3 ноябр охирин зоирони тоҷики Хонаи Худо бо ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" ба ватан баргаштанд. Кумитаи дин ҳамчунин эълон кард, ки бо вуҷуди то 20 дар сад коҳиш дода шудани квотаи ҳаҷ аз Тоҷикистон 6,3 мушарраф ба зиёрати Хонаи Худо шуданд. Арзиши ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $) буд, ки он назар ба як соли пеш 497,3 сомонӣ зиёд аст.

***

Тӯфони Ҳайан дар Филлипин муҷиби ҳалокати ҳаддиақал 1000 нафар шудааст. Вале мақомоти давлатии ин кишвар ахиран эълон карданд, ки ин рақам эҳтимол дорад ба маҳзи идомаи тӯфон афзоиш ёбад. Тӯфони қавӣ дар шаҳри Таклобани Филлипин хонаҳои зиёдеро ба замин ҳамвор сохт ва муҷиби лағшиши хок шуд. Дар аксар манотиқи шаҳр мардум аз нерӯи барқ маҳрум гардиданд, муҳитро як ҳолати садамавии ҳалокатбор фаро гирифт. 

***

Заминларзаи рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр хисороти калоне ба деҳоти ноҳияи Ваҳдат ба бор овард. Тибқи иттилои Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода бар асари он 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд, вале талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Маркази силсилазаминҷунбиҳои рӯзи якшанбе дар маркази он деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат 5 балл ва дар Душанбе 4 балро ташкил дод. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба вазорату идораҳои марбута супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба зарардидагон аз ин офати табиӣ кӯмакҳои зарурӣ расонанд, барои барқарорсозии харобаҳо пешниҳодҳои мушаххасро ироа намоянд.

***

Музокирот миёни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастии ин кишвар дар шаҳри Женева ба поён расид. Ҷонибҳо даври навбатии музокиротро боз ҳам созанда ва муфид арзёбӣ карданд, ҳарчанд ба тавофуқи хосе дар он даст наёфтанд. Се рӯзи ҳафтаи гузашта намояндагони дипломатии Амрико, Русия, Фаронса, Британия, Олмон ва бо фиристодагони Эрон роҳҳои коҳиш додани нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ карданд. Аммо ахиран хабаргузориҳо аз қавли президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ навиштанд, ки ин кишвар аз ҳақи худ дар мавриди ғанисозии уран даст намекашад.

***

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тағйирот ба қонуни ҳанӯз соли 2006 қабулшуда "Дар бораи рамзҳои Президенти Тоҷикистон" аз ҷониби вакилон дастгирӣ шуд. Мутобиқи тағйирот, Президенти Тоҷикистон аз рӯи мақом дорандаи ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" дараҷаи аввал буда, ғолиби ҳар як интихоботи президентии Тоҷикистон аз раиси Суди конститутсионӣ ордени зикршуда, Нишони Президенти Тоҷикистон ва Ливои Президенти Тоҷикистонро қабул мекунад.

***

 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Маркази саратоншиносии Тоҷикистонро беш аз 16 миллион доллар кумак кардааст. Дар ин бора Сюзан Эллиотт дар ҷараёни тақдими кӯмакҳо дар муассисаи давлатии "Маркази илмии саратоншиносӣ"-и иттилоъ дод. Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон изҳор дошт, ки тӯли 12 соли ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистону Амрико Вашингтон ба Душанбе ба маблағи бештар аз 380 миллион доллар дорувору дарёфт кардааст.

***

Интихоботи парламонии Миср қарор аст моҳҳои феврал ва марти соли оянда баргузор шавад. Дар назар аст мардуми Миср президенти худро аввали тобистон интихоб кунанд. Дар ин бора Рейтер истинодан ба вазири умури хориҷии ин кишвар Набил Фаҳмӣ иттилоъ дод. Аммо ин манбаъ дар бораи райъпурсӣ оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонун ишора накардааст. Ҳукумати низомии Миср, ки бар асари табаддулот ва барканории президенти исломгаро Муҳаммад Мурсӣ сари қудрат омадааст, талош дорад Конститутисия нав қабул кунад ва эҳтимолияти манъи аҳзоби исломӣ тибқи лоиҳаи нави пешниҳодӣ вуҷуд дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi