07:38:08 12-уми Июни 2025 сол

Ду албоми нави Парвиз Назаров ба ҳаводоронаш расид

Ахиран дар Қазоқистон ду албоми таронаҳои русии овозхони шинохтаи тоҷик Парвиз Назаров бо номҳои «Золотые облака» (“Абрҳои тиллоӣ”) ва «Буду с тобой» (“Бо ту хоҳам буд”) интишор шудааст.

parviz-nazarov-74855Журналисти тоҷики муқими Қазоқистон Насибҷон Амонӣ ба “Рӯзгор” гуфт, ки сароянда албомҳои нави худро дар ҳузури мухлисонаш муаррифӣ кард ва ҳамзамон клипи наверо, ки шомили албоми таронаҳо нашудаву бо забони модариаш сурудааст, намоиш додааст. Насибҷон Амонӣ ҳачунин гуфт, ки албоми таронаҳо ҳудудан 40 суруди дар солҳои охир сароидаи ҳунармандро дар бар гирифтаанд

Парвиз Назаров 42 сол дошта, зодаи шаҳри Маскав аст. Бачагӣ ва ҷавонии худро дар Душанбе гузаронидааст, аммо аз соли 1993 ба инҷониб сокини шаҳри Алмаатои Қазоқистон шудааст ва ҳоло дар ин шаҳр кор ва эҷод мекунад. Парвиз Назаров аслан сарояндаи каммаҳсул аст, вале таронаҳояш ба дили шунаванда зуд асар мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд Парвиз аз он кам эҷод мекунад, ки нисбат ба худ хеле серталаб аст ва аз сароидани таронаҳои каммоя ҳамеша худдорӣ меварзад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854