06:27:47 12-уми Июни 2025 сол

Ободонии боз як муассисаи таълимӣ ва беҳдошт бо кӯмаки ИМА

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба барқаррорсозии мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рудакӣ 45 ҳазор доллар масраф намуд. Бо ин маблағ ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори он дубора фаъол гардонида шуданд. Дар маросими анҷоми корҳои барқароркунӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт ширкат ва суханронӣ намуд.

safiri-usa-745888Хабар дода шуд, ки корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби Дафтари Ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба кӯмаки ИМА ба давлатҳои Аврупо ва АвруОсиё маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва кумаки башардустонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Гуфтанист, ки ин мактаб-интернати беҳдошт соли 1964, ҳамчун иншоот барои кӯдакони модарзод осебпазир ба сирояти ҳар гуна бемориҳо аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки аз соли 1992 инҷониб мардуми ин кишвар дар доираи барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро беш аз 1 миллиард доллар маблағгузорӣ кардаанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854