06:41:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Алайҳи Ҳукуматуллоҳ парванда боз кардаанд

Вазорати корҳои дохила алайҳи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол доштааст.

hukumov-amonullo-4545566.jpgЯк манбаъи мӯътамад дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр ба мо гуфт, дар авохири ҳафтаи гузашта алайҳи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси идораи  «Роҳи оҳани Тоҷикистон», бо иттиҳоми вайрон кардани қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаи маъмурӣ боз карда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пас аз гирифтани баёнот аз Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ва ҳамсараш дар мавриди садамаи писарашон Расули Амонуллоҳ алайҳи раиси идораи роҳи оҳан Амонуллои Ҳукуматулло тибқи қонуни масъулияти падару модар парванда боз карда шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар як иттилоияи расмӣ, ки рӯзи 24-уми октябр дар сомонааш нашр шуд, гуфта буд, тафтишот Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро низ мавриди пурсиш қарор додааст: "Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётии шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли равон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух дода, иштирокчии он Расули Амонуллоҳ ба  Тоҷикистон оварда шуда, ӯ ва падару модараш низ мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дода шуданд." Расули Амонуллоҳ ҳамагӣ чанд соат пас аз садамаи нақлиётии маргбор, ки 3 кас кушта бар ҷой гузошту 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, ба гуфтаи мақомот ва таъйиди падараш, ба Олмон рафта буд.

Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, "барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, судӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд."

Дар ин замина байни вазорати корҳои дохилӣ ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳан ва падари Расули Амонуллоҳ бар сари шахси нафаре, ки дар соати садама сари фармони мошин буд, баҳси лафзие сурат гирифт. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон изҳороти ахири раиси ширкати роҳи оҳан дар бораи дар замони садамаи шаби 9-уми октябр сари фармони мошин набудани писари ӯро беасос номид.

Аммо як манбаъ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр ба Озодӣ гуфта буд, ки иштирокчии дигари садамаи 9-уми октябр Умар Шарифов аз тарафи ин вазорат таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳанӯз боздошт нашудааст. Шахсияти Умар Шарифов ва нақши ӯ дар он садамаи шаби 9 октябрро, ки се кушта ва се захмӣ ба ҷо гузошт, мақомот то ҳол дақиқ нагуфтааст ва номи ӯ ҳам пас аз се ҳафтаи ин садама пайдо шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi