15:32:31 01-уми Июни 2025 сол

Боздошти капитани милиса бо беш аз 11 кг ҳашиш

Кормандони Раёсати кумитаи давлати амнияти милли Тоҷикистон дар вилояти Суғд як капитани милисаро зимни қочоқи ҳудуди 11.5 кило ҳашиш, дастгир кардаанд.

agenti-455661221Бахши робита бо ҷомеаи раёсати ниҳоди мазкур дар Суғд бо пахши як гузориши махсус ба воситаи телевизионҳои маҳаллӣ дар ин бора эълон кард. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, кормандони раёсати амният бо роҳандозии амалиёт ахиран дар ноҳияи Шаҳристон аз автомобили “Ҳонда Аккорд”, мутааллиқ ба капитани умури дохилӣ - Мансур Холмуродов 11 килову 672 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар идомаи амалиёт ду сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳақназар Ҳақназаров ва Мурод Олимов, ки шарики афсари мазкури милиса номида мешаванд, боздошт шудаанд. Онҳо  Мансур Холмуродовро дар ноҳияи Спитамен мунтазир буданд, то аз вай маводи мухаддирро гирифта, ба ҷое дигар интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин гурӯҳ маводи мухаддирро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дастрас намуда, мехостанд тавассути шимоли Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол диҳанд.

Ин мавриди дуюми боздошти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Суғд дар 3 моҳи охир аст. Моҳи сентябр Бароталӣ Бегматов, корманди собиқи ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи як сокини шаҳри Кӯлоб - Фатҳулло Саидов дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров аз ҷониби кормандони раёсати амният дар ҳоле боздошт гардиданд, ки дар автомобили Бегматов 6 килограм ҳероинро ба таври ғайриқонунӣ интиқол медоданд.

Кормандони амниятӣ дар идомаи ин амалиёт як сокини 45 солаи ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон – Раҳматбой Тағоевро низ дастгир намуданд, ки мунтазири дастрас кардани ҳероин аз шарикони дастгиршудааш ва интиқоли он ба кишвари худ буд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд кормандони ҳамаи ниҳодҳои масъул аз гардиши ғайриқонунии 802 килову 500 грамм маводи мухаддир ҷилавгир кардаанд, ки 152 килои он ҳероин будааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854