08:00:22 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ҳисобот дод

31-ум январи соли 2014 нахустин нишасти матбуотии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри  Душанбе баргузор гардид. Дар оғози нишасти матбуотӣ профессор Абдуҳамид Нозимов, директори иҷроияи Филиал,  дар бораи натоиҷи кори он дар соли 2013 маълумоти дод.

03-hisoboti-DDM

Азҷумла ӯ изҳор дошт, ки дар давоми моҳҳои феврал-марти соли 2013 донишҷӯёни Филиал дар Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Русия ташкил гардида буд, аз фанҳои химия, физика, математика, информатика, забони русӣ ва таърихи Россия ширкат намуда соҳиби 7 медали тилло, 7 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд. Дар соли 2013 аввалин гурӯҳи мутахассисони ҷавон (12 нафар) аз рӯи ихтисоси математикаи амалӣ ва информатика филиали ДДМ дар шаҳри Душанберо  хатм намуда соҳиби дипломи бакалаври ин ихтисос гардиданд. 

02-hisoboti-DDMБа гуфтаи профессор Абдуҳамид Нозимов Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри  Душанбе аз зумраи мактабҳои олие мебошад, ки қабули донишҷӯён барои таҳсил солҳои минбаъда низ чун пештара дар худи Филиал ташкил карда мешавад на дар Маркази миллии тестӣ. Мутобиқи низомномаи Филиал, комиссияи қабул, бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таъин гардида, имтиҳонҳоро устодони Донишгоҳи Москва қабул менамоянд.

Ҳоло аз руи шаш равия дар 24 гурӯҳи академӣ 494 муттахассис омода мегардад. Инҳо мутахассисони математикаи амалӣ ва информатика, муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия), геология, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, лигвистика ва химия, физика ва механикаи мавод (нанотехнология) мебошанд.

Мутобиқи нақшаҳои таълимии ДДМ дар кулли равияҳои таълим таҷрибаомӯзӣ, аз он ҷумла барои геологон-таҷрибаомӯзии таълимӣ - саҳроӣ дар мавзеи Зиддӣ ва барои донишҷӯёни равияи муносибатҳои байналхалқӣ таҷрибаомӯзии таълимӣ дар вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад.

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi