08:33:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хидирова дар бораи афзоиши ҷиноят, талоқ ва фоҳишагӣ миёни занон

Мизони ҷиноят аз сӯи занон дар муқоиса ба як соли пеш ҳудуди 300 маврид бештар шудааст. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "дар соли 2013 2357 ҷиноят тавассути занону ноболиғон содир шудааст.

kumitai-zanon-01Аммо тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2013 дар қаламрави кишвар аз ҷониби занону духтарон1089 ҷиноят содир шудааст, ки нисбати ба як соли пеш 288 ҳолат зиёд аст." Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, занону духтарон бештар бо ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд. Ҳамзамон ба таъкиди хонум Хидирова, мавориди талоқ миёни хонаводаҳо афзуда ва дар соли 2013 ин рақам 8194 мавридро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 586 ҳолат зиёдтар аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта дар қаламрави кишвар ҳудуди 7,5 ҳазор никоҳ сабт шудааст, ки дар нисбати соли 2012, 352 адад кам аст. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон соли гузашта 11 мавриди талоқ тариқи телефони мобилӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо ба гуфтаи Махифрат Хидирова, муроҷиати занону духтарон ва ҳатто мардон ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон афзуда ва дар соли гузашта 255 аризаи хаттӣ ва 584 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба кумита ворид шудааст. Ҳатто ба таъкиди хонум Хидирова, дар миёни муроҷиаткунандагон 53 нафари онҳо мардон будаанд.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ҳамчунин аз мавориди хушунат нисбати занон, ҳолатҳои худкушӣ ва худсӯзӣ тавассути занону духтарон изҳори нигаронӣ кард. Махфират Хидирова гуфт, ки "ин омилҳо мояи ташвиши мақомот ва ҷомеа аст ва иқдоме ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳои номатлуб рӯи даст гирифта мешавад."

Дар ин замина хонум Хидирова таъкид кард, ки "барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таҳия шуда ва дар баррасии ҳукумат қарор дорад."

Ба гуфтаи хонум Хидирова, тасвиби ин барнома имкон медиҳад, то мушкилоти занон, хушунати хонаводагӣ ва дигар масоили марбут ба ҳаёти онҳо то андозае рафъ гардад.

Афзоиши фоҳишагӣ миёни занону духтарон

Ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар будааст. Ба таъкиди ин масъулон, ҳатто 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Ин манбаъ меафзояд, ки дар соли гузашта 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд аст.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон сабаби ба фоҳишагӣ даст задани занону духтаронро ба сатҳи пасти маърифатӣ ва огоҳии худи занону духтароне, ки ба ин кор даст мезананд, марбут медонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi