02:32:58 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳокимаи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурӯҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ доир гардид.

tv cifravoy 451221Дар ибтидо раиси гурӯҳ, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Ҳикматов изҳор намуд, ки гурӯҳи мазкур бо мақсади омӯзиш ва баррасии пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандон бобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 таъсис ёфтааст. Ба ин гурӯҳ панҷ нафар аз Кумитаи телевизион ва радио ва ҶСК «Телерадиоком», 1 нафар аз Маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа шомиланд.

Дар ҷаласаи нахустин Барномаи давлатӣ банд ба банд муҳокима шуд ва пешниҳодоти иштирокчиёни гурӯҳ шунида шуд. Дар муҳокимаи барнома аъзои гурӯҳи якҷояи корӣ Шаҳло Акобирова, Умрилло Меликов, Зинатуло Исмоилов, Рустами Ҷонӣ, Асомуддин Атоев, Ранжет Ятимов, Аъзамхон Акбаров ва Файзулло Солеҳов фаъолона иштирок намуданд.

Қарор шуд, ки пешниҳодоти аъзои гурӯҳ то ҷаласаи навбатӣ, ки рӯзи 27 феврал баргузор мегардад, ҳамаҷониба омӯхта шаванд ва барои баррасӣ пешниҳод гарданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи якҷояи корӣ, ки фаъолияташро дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст, бо пешниҳоди Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҶТ ва бо мақсади мушаххас сохтани мақоми шабакаҳои мустақили телевизионӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ таъсис ёфтааст.

Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.

Дар ин бора ба сайти «Рӯзгор» узви гуруҳи корӣ Зинатуллоҳ Исмоилов маълумот дод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi