00:29:28 17-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Профессор Худойназар Асозода даргузашт

Профессор Худойназар Асозода, донишманд, адабиётшинос ва афғонистоншиноси маъруфи кишвар бар асари бемории қалбӣ дар синни 73 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

professor-asozoda_4444.jpgХудойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии собиқ ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Асозода соли 1956 баъд аз хатми синфи ҳафтум ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, соли 1960 онро ба итмом расонда, муддати се сол бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сараввал дар мактаб - интернати шаҳрчаи Ворошилобод ва баъд шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод дар синфҳои ибтидоӣ дарс гуфта ва соли 1963 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И. Ленин дохил мешавад.

Соли 1968 ба сифати лаборант дар назди кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики ҳамин Донишгоҳ ба фаъолият мепардозад. Соли 1970 ба аспирантураи кафедраи адабиёти советии тоҷик дохил мешавад. Моҳи феврали соли 1971 ба Афғонистон сафарбар гардида, то ноябри соли 1973 ба сифати тарҷумон дар вазорати геологияи ин кишвар ифои вазифа менамояд. Баъди бозгашт ба аспирантура барқарор шуд. 14-уми июни соли 1976 рисолаи номзадӣ дифоъ намуда дар кафедраи адабиёти советии тоҷик то моҳи ноябри соли 1978 ба сифати ассистент, муаллими калон ва дотсент фаъолият кардааст.

Моҳи ноябри ҳамин сол бо қарори бюрои Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фиристода шуд, ки ин хизмат то моҳи июли соли 1981 идома ёфт. Асозода боз вазифаи дотсентиашро дар кафедраи номбурдаи Донишгоҳ идома дода, солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ буд. 13 феврали соли 1989 дар шӯрои диссертатсионии Институти мазкур рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Махзани адаби профессор Худойназар Асозода

5-уми январи соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон таъин мешавад.

26-уми январи соли 2008 бо хоҳиши худ аз вазифаи ректорӣ озод карда мешавад. Якуми феврали соли 2008 ҳамчун профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон аз нав ба фаъолият шурӯъ менамояд. Соли 2010 бо фармони ректор мудири кафедраи номбурда таъин мегардад.

Профессор Худойназар Асозода яке аз сермаҳсултарин олимони адабиётшинос ва танқиди адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Даҳҳо мақолаҳои илмӣ, беш аз 20 рисола, монография, дастур, барнома, китобҳои дарсӣ ва чанд китоб дар насри мустанад навиштаанд. Пажӯҳишҳои ӯ дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, дар бораи таърихи адабиёти муосири Эрон ва Афғонистон аз асарҳои муҳими адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабии имрӯза ба ҳисоб мераванд.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи "Рӯзгор" аз марги профессор Худойназар Асозода андуҳгин буда, аз Худованди азимушшаън таманно мекунад, ки марҳумро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат карда, барои бозмондагон ва пайвандонаш сабри ҷамил бидиҳад. Омин ё Раббалъоламин!

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi