01:03:35 17-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардид.

ххх

124554khabarho-2014-2015Президенти ИМА Барак Обама дар дидор бо шоҳи Урдун Абдуллоҳи 2 гуфтааст, ки ба анҷоми зудраси низоъи Сурия бовар надорад. Дар ин мулоқот, ки 14 феврал дар Калифорния баргузор шудааст, Обама гуфтааст, ки ҳукуматаш болои Димишқ фишор хоҳад овард, то ба мушкили расонидани кӯмакҳои башарӣ барои офатзадагони ҷанги дохилии ин мамлакат мусоидат кунад. Музокироти навбатии гуруҳҳои даргир дар Женева, ки таҳти роҳбарии СММ мегузарад, бидуни натиҷа ба поён расид. Мухолифон ҳамоно ба каноргирии Асад аз қудрат исрор меварзанд, вале намояндагони давлат мегӯянд масъалаи истеъфои раиси ҷумҳур аслан бояд матраҳ нашавад, балки музокирот ба хотири мубориза бо терроризм идома дода шавад.

ххх

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Теҳрон бо  раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон Алии Лориҷонӣ мулоқот кард. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ, масоили ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба нақши Эрон дар бунёди иншооти гуногуни хурду бузург дар қаламрави Тоҷикистон сухан рондааст ва аз бунёди нақби "Истиқлол" ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", ки масъулияти онро эрониҳо бар дӯш доштанд, ситоиш кардааст. Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати ҳамроҳонаш 16 феврал ҷиҳати ширкат дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ вориди Теҳрон шуда буд.

ххх

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  ба ҳукумат ва Бонки Марказии кишвараш супориш дод, ки 1 триллион танга баробар бо 5,4 миллиард доллар аз Бунёди Миллӣ барои ҳимоят аз рушди иқтисодии кишвар ҷудо кунанд. Дастур замоне содир мешавад, ки ахиран арзиши танга-пули миллии ин кишвар дар бозори арз 19 дарсад поин рафт.  Назарбоев хосторӣҷилавгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот ба иллати коҳиши қурби пули миллӣ шуд ва маоши коргарони ширкатҳои давлатиро даҳ дар сад боло бурд. Вай хитоб ба вазиронаш гуфт, ки  агар онҳо Қазоқистонро "ба биҳишти сармоягузорон табдил надиҳанд, дар кобина тағйиротикадрӣ хоҳад гузаронд". Коҳиши қурби пули миллӣ сокинон ва бозаргонону соҳибкоронро нигарон кард. Охири ҳафтаи гузашта ҳазорҳо тан бо ташкили як роҳпаймоии ғайрирасмӣ хостори истеъфои раиси бонки миллии ин кишвар шуданд.

ххх

Дар идомаи тағйири ному насаб вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллоев насаби худро ба Нусратулло Файзулло иваз кард. Вай ин иқдомашро  "арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонуни  Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" аст" номид. Ҳамчуноне медонем, номивазкунии мансабдорони давлатӣ баъди эроди прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва изҳори назари Раиси кумитаи истилоҳот Гавҳар Шарофзода ба марҳилаи дуюми худ ворид шуд. Ахиран вазири кишварзии Тоҷикистон Қосимҷон Қосимов ҳам эълон кард, ки аз ин ба баъд ӯ Қосим Роҳбар хоҳад буд.

ххх

Мурофиаи  Муҳаммад Мурсӣ, президенти барканоршудаи Миср бори дигар мавқуф гузошта шуд ва қарор аст он 23 феврал аз сар гирифта шавад. Додгоҳ гуфтааст, ки мехоҳад барои Мурсӣ вакилони нави мудофиа таъин кунад. Мақомот сарвари пешини Мисрро ба  ҳампаймонӣ бо созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла  ҲАМОС-и Фаластин, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон муттаҳам мекунанд. Тайид шудани ин иттиҳомот тибқи қонунҳои Миср таҳдид ба ҳукми эъдом дорад.

ххх

Сардори зиндони Кӯлоб Умар Қаюмов аз дасти маҳбуси ҳамин зиндон Умед Тешаев ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи 16-уми феврал рух додааст ва бино ба иттилои  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маҳкумшуда Умед Тешаеви сисола, сокини шаҳри Кӯлоб, дар утоқи кории сардори муассиса ҳангоми паст кардани мӯйи сар бо қайчии дар дасташ буда, як маротиба дар қисми сар ва 16 маротибаи дигар дар бадани сардори муассисаи ЯТ 9/4 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Қаюмов Умар, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Восеъ задааст. Бар асари ин захмҳо Қаюмов дар роҳи интиқол ба бемористон ҷон додааст. Гуфта мешавад, ки Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Суди вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯхлати 17 сол маҳкум шуда буд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi