09:57:02 30-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

Ҳунарманди машҳури инглис ва яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳаҷви ҷаҳон  Роуэн Аткинсон, ки миёни мардум бо номи Мистер Бин маълум аст, шояд аз ҳамсараш Санэтра Сэстри ҷудо шуда бошад. Онҳо муддати бештар аз бист сол бо ҳам буданд ва аз зиндагонии муштарак ду фарзанд доранд, ки яке 20-сола ва дуюмӣ 19-мебошанд,-менависад рӯзномаи "Daily Mail". Мухлисонашон зану шавҳарро муддати ду ё се моҳи охир бо ҳам надидаанд.

rowan-atkinson-0154545"Онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд ва Аткинсон ҳоло бо хонуми дигар зиндагонӣ мекунад",-иқтибос меорад рӯзнома суханонеро аз атрофиёни ин хонавода. "Daily Mail" ҳамчунин навиштааст, ки охирин бор ба журналистон моҳи августи соли 2012 муяссар шуда буд, ки Аткинсон ва Сэстриро дар як ҷо аккосӣ кунанд. Ин ду тан соли 1990 хонадор шуда буданд. Тӯи арӯсии худро ду маротиба: аввал ғайрирасмӣ дар Ню-Йорк ва баъд расман дар Лондон баргузор карда буданд. Роеэн Аткинсон, ки ҳоло 59 сол дорад, дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ нақш офаридааст, вале нақши Мистер Бин дар яке аз сериёлҳои ҳамноми он барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст.

ххх

elis-munro 45788979Имсол барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт 210 нафар пешниҳод шудаанд. Дар ин бора Петер Энглунд, котиби доимии Академияи Шведсия дар блоги худ хабар дод. "Мо 271 пешниҳодро сабти ном кардем, вале дар ниҳоят рӯйхати 210 нафар омода шуд. Баъзеҳо, чуноне маъмулан ин ҳолат пеш меояд, дуввумбора пешниҳод шудаанд"- навиштааст Энглунд. Котиби академия гуфтааст, ки номи 36 нафар бори аввал ба листи муддаиёни ҷоизаи Нобел афтидааст. Қарор аст то моҳи апрел асарҳои пешниҳодшуда пурра омӯхта шаванд ва дар ин моҳ дар рӯйхат 15 ё 20 нафар мемонанд. Баъдан панҷ номзад пешниҳод мешавад ва моҳи октябр ҳайати жюрӣ аз миёни ин панҷ нафар якеро интихоб менамоянд, ки исми ӯ расман дар Стокголм эълон мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки соли 2013 ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт насиби адиби канадиёӣ, хонум Элис Мунро шуда буд.

ххх

Ҳунармади шинохтаи рус, иҷрокунандаи нақши муфаттиш Знаменский дар сериёли машҳури телевизионии замони Шӯравӣ "Тафтишро кордонҳо пеш мебаранд" Георгий Мартинюк баъди бемории дурудароз дар ҳафтодучорумин соли ураш аз олам даргузашт. Георгий Мартинюк 3 марти соли 1940 дар шаҳри Оренбург ба дунё омадааст.

g.martinyouk 5454445Соли 1962 донишкадаи санъати ба номи Луначарскийро хатм кардааст ва то охирин лаҳзаҳои умр дар театри Малий Барон кор мекард. Баъди офаридани образи муфаттиш Знаменский дар филми Вячеслав Бровкин "Тафтишро кордонҳо пеш мебаранд" миёни мардум шуҳрати беандоза ёфт. Бахши аввали филми мазкур соли 1971 рӯи навор омад ва сериёл то соли 1989 бо муваффақият идома дошт. Соли 2002 бошад муддати як соли дигар таҳиягаронаш онро идома доданд. Мартинюк ҳамчунин дар филмҳои "Буд набуд пирамард ва кампир буданд", "Бӯрон", "Сипар ва шамшер", "Субҳи ин ҷо сокит аст", "Асрори табадулоти дарборӣ" нақшҳои хотирмон офаридааст.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi