05:22:36 10-уми Июни 2025 сол

Тоҷикистон ба ҷашнвораи 1У байналмилалии мусиқӣ даъват шуд

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав номаи Лев Кузнетсов, волии кишвари Красноярскро дар мавриди даъвати Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷашнвораи 1У байналмилалии мусиқии кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дарёфт кардааст. Ин ҷашнвора қарор аст аз 26 июн то 4 июли соли 2014 дар шаҳри Красноярск баргузор гардад.

music-festiv-54456Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти давлати Русия дар мактуб гуфта мешавад, ки ҷашнвора як муколамаи фарҳангии халқҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором буда, бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, иштироки фаъолонаи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар таҳти васояти Комиссияи Федератсияи Русия оид ба умури ЮНЕСКО хоҳад гузашт.

Ҷашнвора ҷанбаҳои мухталифи санъати анъанавӣ, муосир ва мусиқии кишварҳоро дар барномаи худ инъикос хоҳад кард. Тавре намояндаи Сафорати Тоҷикистон иброз медорад, қарор аст дар ҳошияи ҷашнвора намоиши осори  нависандагону шоирони ҷумҳурӣ низ ташкил гардад".

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854