04:03:15 10-уми Июни 2025 сол

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Ҷоизаи Линдгрен ба Линдгрен

Дод аз дасти шуҳрат!!!

carroll-124578Номаи нависандаи машҳури Британия Люис Кэрролл, ки бо номи аслии худ Чарлз Доҷсон навиштааст, дар ауксиони Ландан ба 11 ҳазору 825 фунт ба савдо рафт. Ин нома соли 1891 аз ҷониби адиби шинохта ба дӯсташ Энн Симондс ирсол шудааст. Дар ин нома Доҷсон навиштааст, ки аз шуҳрати худаш ба танг омадааст ва ҳолатеро чашми дидан надорад, ки одамони ношинос бо ангушти ишоратӣ сӯяш ишора мекунанд. Вай ҳатто изҳори пушаймонӣ ҳам кардааст, ки "эй кош ҳаргиз китоб наменавишт".

Намояндагони Bonhamsгуфтаанд, ки ин номаи адиб пештар дар ауксион набуд ва фурӯхта нашуда буд. Маврид ба ёдоварист, ки Доҷсон китобҳояшро бо тахаллуси Любис Кэрол менавишт ва машҳуртарини онҳо "Алиса дар мамлакати аҷоибот" (1864), "Алиса дар Зазеркале" (1871) ва "Шикор дар Снарка" (1876) мебошанд.

Осорхонаи Горкий дар Италия

gorkiy 54656556Дар Италия осорхонаи нависандаи машҳури рус Максим Горкий сохта хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд ин нависандаи маъруф муддате дар ин кишвар зиндагонӣ кардааст ва дар соҳилҳои Капрӣ табобат гирифтааст. Дар ин бора ба хабаргузориҳо роҳбари ассотсиатсияи Максим Горкий дар Неапол Антонио Владимир Мариино хабар додааст.  Бино ба гуфтаи ӯ шаҳрдори Капрӣ гуфтааст, ки барои ташкили ин осорхона мусоидат мекунад. Антонио гуфтааст, ки барои таъсиси ин осорхона маводҳои лозим вуҷуд доранд.

Аз ҷумла аксҳои таърихӣ, китобҳои адиб, ки бозмондагонаш туҳфа кардаанд ва хотироти касоне, ки бо нависанда ҳамнишин будаанд. Ин ҳама метавонад як осорхонаи диданиеро боз кунад.

Ҷоизаи Линдгрен ба Линдгрен

lindgren 1960000Адиби шинохтаи швед Барбару Линдгрен созовори ҷоизаи Астрид Линдгрен шуд. Барбару Линдгрени 77-сола аз ҷумлаи шинохтатарин нависандагони Шветсия буда, асарҳояш бо беш аз 30 забони сокинони олам тарҷума ва нашр шудаанд. Моҳи октябри соли гузашта барои дарёфти ҷоизаи Астрид Линдгрен аз 68 кишвари олам 238 асар пешниҳод гардид. Ин бузургтарин ҷоизаи адабии ҳукумати Шветсия барои адабиёт аст, ки баъди марги адиб моҳи январи соли 2002 таъсис шудааст.

Маблағи он 5 миллион крони шведӣ мебошад, ки баробар ба 564 ҳазор еврост. Соли гузашта рассом ва нависандаи машҳури Аргентина Исол (Марисол Мисента) барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854