07:23:49 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

Президенти академияи маорифи Русия ва президенти донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, адабиётшинос Людмила Вербитская бар ин назар аст, ки аксари кулли сокинони ин кишвар аслан китоб намехонанд.

marg-rus-65566565"Тибқи як назарсанҷӣ соли 2012 35 дар сади сокинони Русия китоб ба даст нагирифтаанд. Ва онҳое ҳам ки хондаанд, бештар детектив, асарҳои фантастикӣ ва баъд романҳои классикиву таърихӣ мутолиа кардаанд. Ҳаводорони шеър хеле кам шудаанд",- гуфтааст ӯ. Ба андешаи ин профессор сабаби аслӣ он аст, ки тифлон хеле кам волидайни худро дар даст китоб мебинанд. Танҳо 10 фоизи падарону модарон ба фарзандони синну соли томактабии худ китоб мехонанд.

Вай ҳамчунин аз забони гуфтугӯии мардум изҳори нигаронӣ кардааст ва гуфтааст, ки ин забон беш аз ҳар вақти дигар вулгарӣ шудааст ва дар он калимаҳои паразитӣ бештар роҳ ёфтаанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Вербитская аз соли 1989 ба инҷониб солона тахминан ду ҳазор калимаи хориҷӣ вориди забони русӣ мешавад ва на ҳамаи онҳо шоистаи онанд, ки дар нутқи русӣ боқӣ бимонанд. 

xxx

jorj-bush 54555454Намоиши шахсии асарҳои рассомии президенти пешини Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ бо номи "Санъат бояд пешво бошад: дипломатияи шахсии президент", ки 24 портрети сарварони оламро дар бар гирифтааст, рӯзи ҷумъаи пешоянд дар китобхонаи президентии ба номи Буш воқеъ дар Даллас баргузор мешавад. Дар миёни экспонатҳои намоиш аз ҷумла метавон портрети Владимир Путин, сарвазири собиқи Британия Тони Блэр ва пешвои тибетиён Далай-Ламаро мушоҳида кард. Вай гуфтааст, ки танҳо он сиёсатмадоронро рассомӣ кардаст, ки замони сарвариаш шахсан бо онҳо ҳамкорӣ доштааст.

Онҳое, ки ӯ расмашонро кашидааст, то ҳол онро надиданд. "Гумон мекунам аксулаамали онҳо чунин хоҳад буд: "Вау, Буш рассом шудааст. Гумон мекунам онҳо он руҳияи дӯстие, ки инъикос кардаам, хоҳанд пазуруфт. Медонед, ман аз сарварӣ ва сиёсатмадории онҳо ифтихор мекунам ва кӯшиш кардам тавре рафтор кунам ва тавре инъикос намоям, ки одамон бубинанд, ки ман чӣ гуна бо онҳо муносибат мекунам",- гуфтааст Буш ба духтараш Ҷенна Буш-Ҳейджер, ки ҳамакнун хабарнигори NBC аст.

Бино ба навиштаи расонаҳо Ҷорҷ Буши хурдӣ баъди рафтан аз маснади президентӣ ба офаридани асарҳои рассомӣ машғул шуд ва то ин замон ба ҷуз расми сиёсатмадорону сарварони кишварҳои олам, боз тасвирҳое аз манзараҳои табиат, ҳайвонот офарид.

xxx

gabriel garcia marquez 2222Нависандаи оламшумул, дорандаи ҷоизаи Нобел Габриеэл Гарсиа Маркес дар бемористони Месика бистарӣ шудааст. Табибон иттилоъ надодананд, ки адиби шинохта аз чӣ ранҷ мебарад. Сафири Колумбия дар Мексика Хосе Габриэл Ортис гуфтааст, ки ба саломатии адиб чизе таҳдид намекунад. "Габо (колумбиягиҳо нависандаи дӯстдоштаи худро ин гуна бо навозиш ном мебаранд) ва ҳамсари ӯ Мерседес Барча Лос-Анжелес ба аёдати фарзанди калониашон ва наберагонашон омада буданд. Маркес сармо хӯрд ва амрикоиҳо сахт ба ташвиш омаданд.

Вале ӯро зуд ба бемористон Мексика интиқол доданд, чун сӣ соли охир адиб дар ин кишвар зиндагонӣ мекунад. Сабаби зуд бистарӣ кардани Маркес ҷилавгирӣ аз рушди зуком буд",-гуфтааст сафир. Маркеси 87-сола аз ҷумлаи адибони машҳуртарини муосири олам аст, ки повесту романҳояш ба даҳҳо забони хориҷӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.

Барояш романи "Сад соли танҳоӣ" ва "Ба полковник касе наменависад" шуҳрати ҷаҳонӣ оварда буданд. Ҳудудан бист сол пеш вай гирифтори бемории саратон шуд. Соле қабл бародараш гуфта буд, ки Маркес гирифтори пирии тафакур шудааст ва дигар наметавонад эҷод кунад. Аммо атрофиёни наздикаш ин ҳамаро рад мекарданд ва мегуфтанд, ки бо вуҷуди солмандӣ адиб шиквае аз саломатӣ надорад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi