15:48:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷашни Наврӯз дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 9 - уми апрели соли равон дар қароргоҳи ин Сафорат воқеъ дар Теҳрон барномаи наврӯзиеро бо ширкати сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон, мақомоти баландпояи эронӣ, донишҷӯён ва тоҷикони муқими Эрон баргузор намуд.

1-navruz-iran 1111Дар ибтидои барнома Нарзихон Зоиров – Мушовир - фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонону ҳозиронро хайрамақадам ва табрик намуда, ёдовар шуд, ки Созмони фарҳангии Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳристи ҷашнҳои таърихӣ ва бостонии худ ҷой додааст, ки ин аз аҳамияти ин ид гувоҳӣ медиҳад.

Номбурда ба нишасти наврӯзии сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки чанде пеш дар пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкат ва суханронӣ намуд, ишора кард.

Сипас, оқои Муҳаммадӣ - мудири кулли кишварҳои муштаракулманофеъи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Носир Аҳмади Нур - Сафири Афғонистон дар Эрон аҳли маҳфилро табрику шодбош намуданд.

2-navruz-iran 1111Бояд гуфт дар ин барнома дастархони наврӯзӣ, гӯшаи ҳунарҳои дастии Тоҷикистон, аксҳо ва мусиқии суннатии тоҷикон, филми муаррифии дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистон дар тӯли истиқлолият, навиштаи "Наврӯз муборак!" ва ин иқтибос – "Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон - зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст" аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз бо забонҳои тоҷикӣ, хати форсӣ ва англисӣ ҳамроҳ бо акси Президент дар саҳни бинои Сафоратхона ба намоиш гузошта шуда буданд. Ин барнома аз тариқи матбуот, расонаҳои мактуб ва шабакаҳои Эрон бозтоб ва пӯшиши густурда ёфт.

Гуфтанист ин барномаи ҷаззоб ва ҷолиб барои меҳмонони ширкаткунанда таассуроти хотирмон ва дилнишин боқӣ гузошт ва онҳо аз дидани аксу филм, намунаи ҳунарҳои дастӣ ва шунидани мусиқии тоҷикӣ бо ҳунар ва фарҳанги мардуми тоҷик ошноии амиқ пайдо намуданд.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi