03:57:59 10-уми Июни 2025 сол

Интиқоди Ватикан аз "Нӯҳи набӣ"

Ватикан филми "Нуҳи набӣ"-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод ва онро "то ҳадди зиёде аз ривояти китоби муқаддас дар бораи ҳазрати Нӯҳ (а) фосила гирифта" хонд.

noh-4565899898Ба гузориши Hollywood Reporter, рӯзномаи Avvenire (чопи Ватикан) чун мавзеъгирии расмии Ватикан филмро "як фурсати аздастрафта ва Нӯҳи бидуни Худо" номид. Пойгоҳи интернетии "Кимиёи саодат" ин ҷумларо аз навиштаи нашрияи ёдшуда овардааст: "Филм достонеро таъриф мекунад, ки ба лиҳози бумшиносӣ, рангомезӣ ва ба шакле мубҳам ҳолу ҳавои асри мудернро дорад ва дар маҷмӯъ ҳикояти китоби муқаддасро тағйири шакл додааст."

Маврид ба ёдоварист, ки филми "Нуҳи набӣ", ки аз ҳоло  худро муддаии ҷоизаи "Оскар" медонад, пурмоҷаротарин ва то ҷое сердаромадтарин филми амрикоӣ маҳсуб мешавад. Баъди фатвои "Ал-Азҳар"-и Миср намоиши онро дар чандин кишвари олам манъ карданд. Аз сӯи дигар ин филм зарфи ду ҳафтаи ахир  бештар аз 182 миллион доллар ҷамъоварӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки филмро бо ҳазинаи бештар аз 130 миллион доллар коргадон Даррен Аронофски таҳия кардааст ва дар он ҳунармандоне чун Рассел Кроу (ҳазрати Нӯҳ (а), Ҷенифер Коннели, Дуглас Бут, Логан Лермон, Эмма Уотсон, Энтони Хопкинс ва Рэй Уинстон нақш офаридаанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854