Дар Фархор 7 хуми бузург кашф шудааст
Бостоншиносони тоҷик аз кашфи 7 хуми ба андоза бузург дар қаламрави ҷамоати деҳоти Саксанохӯри ноҳияи Фархор хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин хумҳо то як метр дарозӣ дошта, дар дохилашон ашёҳои ороишӣ, устухонҳои инсон ва зарфҳои хурде, ки эҳтимол меравад обгирӣ буданд, ёфт шудааст. Тахмин меравад, ки ин хумҳо шояд таърихи бештар аз ду ҳазор сол дошта бошанд.
Гуфтанист, ки зарфи чанд соли охир кофтуковҳои археологӣ бо ширкати бостоншиносони рус дар Фархор идома доранд. Соли гузашта аз ҳар мавзеъ бештар аз 60 осори таърихӣ пайдо шудааст, ки ҳамаи онҳо ҳоло дар осорхонаи ноҳияи Фархор, ки соле қабл бунёд шудааст, нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ин пештар ҳадс зада мешуд, ки дар қаламрави Фархор эҳтимолияти мавҷуд будани як шаҳри қадима дар зери хок вуҷуд дорад. Вале то ба ин замон нишонаҳои аслии он пайдо нашудаанд.