02:58:49 10-уми Июни 2025 сол

Ройзании фарҳангии Эрон озмуни нав эълон кард

Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз эълони озмуни мақолоти беҳтарин ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ хабар дод. Ройзанӣ аз ҳама хоҳишмандон хостааст мақолоти худро дар ин мавзуъҳо ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 130 (дафтари ройзанӣ) ирсол кунанд:

saadi-sherazi 6598784451.Таъсири андешаҳои пешиниён бар Саъдии Шерозӣ;

2.Низомияи Бағдод ва Шероз аз манзари Шайх Саъдӣ;

3.Талмеҳ аз оёти Қуръон ва суханони Паёмбар (с) дар осори Саъдӣ;

4.Тарҷумаи осори Саъдӣ дар Ғарб ва таъсири ӯ бар шоирон ва нависандагони мағрибзамин;

5.Таъсири андеша ва осори шайх Саъдӣ дар Русия ва Осиёи Миёна;

6.Тафовут дар мазмун ва муҳтавои ғазалҳои Саъдӣ ва Мавлоно;

7.Таъсири афкор ва андешаҳои Саъдӣ бар шоирони муосири Эрон ва Тоҷикистон;

8.Монандиҳои забони Саъдӣ бо забон ва лаҳҷаи мардуми Тоҷикистон;

9.Баҳсу мунозираи ҷомеаи имрӯз роҷеъ ба дидгоҳҳои Саъдӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва хусусӣ;

10.Дидгоҳҳои ҳикамӣ, таълимӣ ва ахлоқии Саъдӣ барои насли ҷавони имрӯз.

Ғолибон дар нишасти илмӣ-фарҳангие ба хотири бузургдошти Саъдии Шерозӣ, ки 21 апрели соли равон дар гӯшаи фарҳанги Эрон, воқеъ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузар мешавад, эълон хоҳанд шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854