06:12:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Задорнов аз хонааш маҳрум мешавад?

Ҳаҷвнигори шинохтаи рус Михаил Задорнов барои пуштибониаш аз Путин дар мавриди Қрим метавонад аз ҳақи истиқомат дар Латвия маҳрум шавад. Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи зеркомиссияи парламонӣ оид ба муттаҳидии ҷомеа маводҳои иқоматии Задорнов дар Юрмала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

zadornov 5556666Ин комиссия ба қароре омадааст, ки маводҳо ва хулосаи муҳокимаро ба пулиси бехатарии Латвия фиристад. Акнун зарфи чанд рӯи оянда пулис асноди воридаро бояд омӯзад ва назари худро иброз дорад, ки оё зарурати он вуҷуд дорад, ки ҳаҷвнигори шинохта ба гуруҳи одамони барои Латвия номақбул шомил карда шавад. Ҳақи иқомат метавонад аз ҷониби вазорати умумри дохила ва ё вазорати корҳои хориҷа бекор карда шавад.

Дар қиёс ба ВКД қарори вазорати хориҷа бидуни баррасӣ иҷро карда мешавад ва онро муҳокима намекунанд. Ахиран Палатаи фарҳанги Гурҷистон низ дар иртибот ба рӯйдодҳои Украина ва мавзеъгирии шахсиятҳои фарҳангии Русия дархости фаъолони фарҳангии ин кишвар дар мавриди иҷоза ба сафари ҳунарии ҳунарманди синамои рус Сергей Безруков посухи рад дод. "Палатаи фарҳанг ба қароре омад, ки он баррасӣ намешавад. Агар касе мехоҳад Безруковро ба Гурҷистон орад, бигзор биёварад", -гуфтааст сарвари ин палата Давид Окиташвили. Безруков низ аз ҷумлаи касоне маҳсуб мешавад, ки ҳамроҳшавии Қрим ба Русияро дастгирӣ карда буд.

Кариб 4 миллион доллар дар ахлотҷо?

kuh-barf 6655656Асари рассомии "Куҳҳои барфпӯш", ки дар ауксиони Ҳонконг 28,8 миллион доллари ҳонконгӣ (баробар ба 3,7 миллион доллари амрикоӣ) савдо шуда буд, бенишон ғайб зад. Эҳтимол меравад рӯбандаҳои меҳмонхона онро чун як расми нодаркор рӯфтаву ба ахлотҷо партофта бошанд, хабар медиҳад ожонсии Рейтер. Асар моли рассоми машҳури Чин Сзуй Жучжо буда, рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта ғайб зад.

Бино ба навиштаи рӯзномаи Ming Pao, пулис сабти камераҳои назоратиро пурра омӯхтаву кашф кардааст, ки рӯбандаҳо тасодуфан онро бо ахлоти ҷамъшуда бардошта ба ахлотҷо ҳаво додаанд. Пулис фавран ба он ҷо рафт, вале нишони асарро пайдо накард. Директори меҳмонхона Глэдис Янг гуфтааст, ки набояд кормандони меҳмонсарои вай ба ин ҳодиса даст дошта бошанд, зеро дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан ташкилкунандагон барои таъмини бехатарии чорабинии худ персонали худро меоранд. Гуфтанист, ки Сзуй Жучжо аз ҷумлаи рассомони хеле машҳури Чин аст. Дар ҳамин ауксион асари дигари ӯ бо номи "Манзараи барф" 23,8 миллион доллари ИМА савдо шудааст. 

Медали тилло барои "Қассоси хунин"

krovnaya-mest 48744Филми ҳуҷҷатии шабакаи телевизионии RT "Қассоси хунин" соҳиби ҷоизаи тилло дар фестивали байналмиллалии New York Festivals шудааст. Филми Леонид Канфер ва Павел Байдиков дар ин бора ҳикоят мекунад, ки дар урфу одати мардуми деҳоти Қафқоз қассос аз чӣ мавқеъ бархӯрдор аст. New York Festivals - яке аз калонтарин фестивалҳои ҷаҳонӣ дар самти журналистика, синамо ва реклама маҳсуб мешавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi