09:28:53 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Додситонӣ ба Бадахшон кадрҳои нав мефиристад

Бино ба гузоришҳо, Додситонии кулл гуфтааст, мумкин аст, ки теъдоде аз кормандони додситонии вилояти Бадахшонро барои кор ба дигар минтақаҳои кишвар бифиристанд ва ба ҷойи онҳо муфаттишони навро ба кор бигиранд.

kharugh 45642844554Як манбаъ дар ин додситонӣ рӯзи 29-уми май ба мо гуфт, Шерхон Салимзода ҳангоми сафари ахираш ба Хоруғ изҳор доштааст, ки бо назардошти нооромиҳои ду соли пеш дар Хоруғ ва рӯйдодҳои ахир дар ин шаҳр, қарор шудааст, ки ба додситонии вилояти Бадахшон афроди дигарро ба кор бигиранд ва кормандони феълии додситонро ба дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бифиристанд.

Аммо ҳоло маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад ва додситонӣ ҳам дар ин бора расман шарҳе надодааст. Ба думболи тирандозии рӯзи 21-уми май ва тазоҳуроти нооромиҳои баъди он, ки 4 кушта бар ҷой гузошт, Шерхон Салимзода ба Хоруғ рафт ва рӯзи 28 май бо фаъолону мақомоти шаҳр ва ба таври алоҳида бо намояндагони эътирозгарон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ба Шерхон Салимзода гуфтаанд, ки бояд дар “байни кадрҳои ниҳодҳои қудратӣ ротатсия” сурат бигирад ва афроди сазовор аз худи Бадахшон ҳам дар чунин ниҳодҳо ба кор гирифта шаванд.

Мусоҳиби мо дар бораи ба оташ кашидани бинои додситонӣ гуфт, ки бисёре аз парвандаҳои ҷиноӣ ва асноди дигар дар натиҷаи сӯхтор нобуд шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи мусоҳиби мо, теъдоде аз компютерҳои додситониро бурдаанд.

Ба қавли ӯ, рӯзи 21-уми май зимни ҳамлаи мардуми хашмгин ба бинои додситонӣ, ба бисёре аз кормандон муяссар шудааст, ки биноро тарк кунанд, вале яке аз муфаттишон аз тарафи ҷавонон сахт латукӯб шудааст ва ҳоло бо осеби майнаи сар дар яке аз шифохонаҳои низомии Душанбе бистарист.

Тафтиш дар додситонии вилоят идома дорад ва вазъ дар маркази вилояти Бадахшон ором аст, мардум ба кору зиндагии худ мисли пешин идома медиҳанд.

Тирандозӣ дар рӯзи 21-уми май дар маркази шаҳри Хоруғ, ки ба гуфтаи мақомот ҳангоми амалиёт барои боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир сурат гирифт, сабаби тазоҳурот ва эътирози мардум дар Хоруғ шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi