07:35:19 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Як "хеш"-и Саддом Ҳусейн аз Тоҷикистон паноҳандагӣ хостааст

Як шахс, ки гӯё аз пайвандони Саддом Ҳусейн - президенти собиқи Ироқ аст, аз давлати Тоҷикистон паноҳандаи сиёсӣ хостааст. Абдуллоҳ ибни Аҳмад ал-Арабия, ки мақомоти тоҷик ӯро аз пайвандони Саддом Ҳусейн медонанд ва рӯзи 13-уми июл ҳангоми убури марзи Афғонистон дар ноҳияи Фархор боздошт шуд, ҳоло аз Тоҷикистон  паноҳандагии сиёсӣ хостааст.

saddam-huseyn 25541212Маҳмадсаид Изатуллоев, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобили ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳангоми убури марз ва вориди ноҳияи Фархор шудан ин шаҳрванди Ироқ аз ҷониби кормандони БДА боздошт шуд. Ин мард бо панҷ забон, аз ҷумла форсӣ роҳат сӯҳбат мекунад ва ҳангоми пурсиш гуфтааст, ки ӯ аз пайвандони Саддом Ҳусейн буда, дар замони ҳукумати ӯ дар Хадамоти ҷосусӣ кор мекардааст:

«Аз хешони Саддом Ҳусейн будааст. Соли таваллудаш 1967. Бо панҷ забон озодана сӯҳбат мекунад. Мо инро маълум кардем ва то ин рӯз дар бораи шахсияташ чизе маълум набуд. Бо худ ҳам ҳуҷҷате надошт.»

Изатуллоев мегӯяд, пас аз барканорӣ ва қатли Саддом Ҳусейн Абдуллоҳ ибни Аҳмад барои панҷ сол равонаи зиндон мешавад ва пас аз раҳоӣ аз зиндон ба Афғонистон фирор мекунад. Ҳоло ӯ мехоҳад, то ҳамчун гурезаи сиёсӣ Тоҷикистон барояш паноҳандаи сиёсӣ бидиҳад. Аммо Маҳмадсаид Изатуллоев, муовини сардори БДА-и Фархор мегӯяд, ҳоло тафтиш идома дорад ва маълум нест, ки тақдири ин наздики Саддом Ҳусейн ба чӣ меанҷомад.

Аз боздошти ин шаҳрванди Ироқ рӯзи 14-уми июл сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣхабар дода буд, аммо аз ҷузъиёти он чизе шарҳ дода нашуда буд. Тибқи иттилои сомонаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин мардро дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди 47-солаи Ироқ байни минтақаҳои сарҳадии шумораи 2 ва 3  ҳангоми убури марзи давлатии Тоҷикистон боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи парвандаи мазкур идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi