18:04:37 09-уми Июни 2025 сол

Қатли як донишҷӯи мусалмон дар Лондон барои ҳиҷоби исломӣ

Як бонуи мусалмон ба далели доштани ҳиҷоби исломӣ бар асари зарбаи корд дар донишгоҳе дар Искес дар Лондон кушта шуд.

44ecfa02091aeb0ba3d25c4ba18eb5a2 XLБа гузориши Пресс-тв, Ҳофингтон-пост гузориш дод: Ноҳид ал-Мониъи 31-солаи аҳли Арабистони Саудӣ, ки барои таҳсил дар мақтаи докторӣ дар Англия ба сар мебурд, дар ҳоли ҳаракат дар пиёдарав 16 бор ҳадафи зарбаи корд қарор гирифт. Полис бар ин бовар аст, ки ин зани мусалмон ба иллати доштани пӯшиши исломӣ, либоси кушоду дароз ва доштани рӯсарӣҳадаф қарор гирифта ва кушта шудааст.

Мақомоти донишгоҳи Искес гуфтанд: ал-Мониъ донишҷӯи пурталоше буд ва то поёни имсол давраи таҳсили худро ба поёни мерасонд. Пайкари ин донишҷӯи зани мусалмон ба устони Ҷавфи Арабистони Саудӣ, ҷое ки мардуми зиёде барои ширкат дар маросими ҷанозаи вай таҷаммуъ карда буданд, мунтақил шуд.

Бинобар гузоришҳо, як марди 52-сола дар иртибот бо қатли ал-Мониъ боздошт шудааст. Ин ҳамла вокунишҳои бисёр тундеро дар миёни мардум дар Англия ва Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳ доштааст.

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854