17:05:59 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ба кор даровардани корхонаи нави таълимию истеҳсолии Гулдастони Пойтахт-90

Дар кӯчаи Рустам Каримови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави таълимию истеҳсолӣ-Корхонаи воҳиди давлатии Гулдастони Пойтахт-90 ба кор дароварда шуд.

dushanbe korkhona-5445Зимни ифтитоҳи корхона ва шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷанбаи он, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимию истеҳсолӣ барои омӯзиши васеи ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ, қолинбофӣ ба занону духтарон пешбинӣ шудааст.

Бинои корхона аз се ошёна иборат буда, дар он коргоҳу синфхонаҳои амалии қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, тарроҳӣ ва дӯхти либос ва туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ аз маҳсули дасти гулдӯзону зардӯзон ва қолинбофони дастӣ ва ҳам утоқҳои ороиши рӯю мӯй ҷойгир шудаанд.

Дар ин корхона беш аз 250 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 200 нафари онҳо қолинбофон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҳам дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд васеъ ба роҳ монда шавад, зеро ба ин васила шумораи зиёди занону духтарони хонашин соҳиби касбу ҳунар, кор ва маоши хуб мешаванд ва ҳам ҳунарҳои зебои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гардида, ба сайёҳону дигар завқмандони санъату фарҳанги бостонии мо муаррифӣ мешавад.

Дар посух иттилоъ дода шуд, ки то охири соли равон ҳамин гуна корхонаҳо дар се ноҳияи дигари пойтахт низ бунёд ёфта, беш аз 2 ҳазор духтарону бонувон ба омӯзиши ин ҳунарҳо ва машғул шудан бо ин кор ҷалб карда мешаванд.

Зимни боздид аз ошхонаи корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо ҳамчунин дарсҳои таомпазӣ ва дастархонороӣ ташкил карда шавад.

Манбаъ: president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi