22:23:58 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкориҳои ҳукумати ИМА бо бунёди Оғохон барои ояндаи Тоҷикистон

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиотт ва Намояндаи доимии Шабакаи Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ созишномаи нави Паймони саросари рушдро таҳти унвони “Робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ: сохтори молиявӣ барои рушди соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон амалӣ мегардад, имзо намуданд.  

1 hamkorihoi-ima-211221Паймони мазкур дар рушди устувори сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд, мусоидат менамояд. Бунёди Оғохон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣҳар кадомашон дар тули панҷ сол маблағи зиёда аз 6 миллион доллари амрикоиро ба Паймони саросари рушд эҳдо намуда, маблағи умумӣ 12,1 миллион долларро ташкил медиҳад. 

Ин Паймони ҷадид захираҳои рушдро барои соҳаҳои зерин, ки ба беҳбуди сифати зиндагӣ таъсир мерасонанд, сарф хоҳад кард: рушди иқтисод аз тариқи инкишофи соҳибкорӣ, амнияти молиявии хоҷагиҳо, мудирият ва ҷомеаи шаҳрванди, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф. Ҳамзамон ин Паймон ширкатҳои сектори хусусии мамлакатро маблағгузорӣ мекунад. Пешрафту комёбии ин ширкатҳо боиси эҷоди ҷойҳои нави кор, пешрафти савдои минтақавӣ ва аз ин тариқ сабаби рушди иқтисоди Тоҷикистон мегардад.

2 hamkorihoi-ima-211221Зимни суханрони дар маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ сафири ИМА хонум Эллиотт иброз дошт: “Ин Паймон ба таври мустақим ташаббуси Ҳукумати ИМА-ро оиди “Роҳи нави Абрешим”, ки равобити Осиёи Маркази ва Ҷанубиро аз тариқи бозорҳои минтақавии энергетикӣ, роҳҳои нақлиётиву савдо, гумрукҳо ва сарҳадоти инкишофёфта ва ба ҳам пайвастани савдову одамон тавсиа мебахшад.”

Бахше аз боздеҳи аз тариқи сармоягузори тавлидшуда барои поягузории як «ҳисоби амонӣ» истифода мешавад ва маблағи ин ҳисоб дар даҳсолаҳои оянда барои дастгирии фаъолиятҳо оиди рушди иҷтимоии манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон истифода хоҳад шуд. 

3 hamkorihoi-ima-211221Хусусияти беназири ин шакли рушд, ки дар боло бурдани сатҳи маишии аҳолӣҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодии инкишофро фаро гирифта, рушди устуворро дастгирӣ менамояд, мавриди писанд ва ситоиши мақомоти расмии минтақа қарор гирифт.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

“Рӯзгор” 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi