15:05:02 09-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян мулоқот намуд.

china prime minister 457845Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи санадҳои нави имзошуда баррасӣ шуд. Изҳор гардид, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Чин доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дастгирӣ менамояд.

Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии аз ҷониби Чин дастгиришаванда имконоти транзитии Тоҷикистон дар масири Шоҳроҳи Абрешим ба маротиб афзун мегардад. Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

http://president.tj/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854