07:20:45 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иштирок дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғоз ёфт.

china_dscp_89564578.jpgБарои иштирок дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пекин роҳбарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8  кишвари қитъаи Осиё – Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд. Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, пеш аз ҳама ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои даъват ба ин ҳамоиш ва сатҳи баланди пазироию меҳмоннавозӣ арзи сипос кард. Ӯҳамчунин ба ташаббуси Чин доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайриаъзои созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣномид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси роҳбарияти Чинро доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дорои аҳамияти таърихию тамаддунӣ номида, изҳор дошт: “Мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст.

http://president.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi