00:30:59 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳалокати ду нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар натиҷаи таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар канори шаҳри Душанбе, ду нафар кушта шудаанд ва ҳудуди даҳ тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

tarkish 5544114Гулнамо Давлатҷони 21-сола, дар  роҳ ба сӯйи кор ва Ҳасан Хидиров ҳангоми иҷрои кор, дар нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ фавтидаанд. Ба гуфтаи масъулини ноҳия, бар асари таркиш дар ин нуқта 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва як нафар ҳам дар ҳолати вазнин дар беморхона аст ва табибон эҳтимоли зинда мондани ӯро хеле кам арзёбӣ мекунанд. Гулнамо, дар ошхонае ба ҳайси пешхизмат кор мекардааст ва дар роҳ ба ҷойи кораш, ҳангоми гузаштан аз назди нуқтаи сӯзишворӣ ба ин фоҷеа гирифтор шудааст. Ҳасан Хидиров корманди ин ин нуқтаи бензинфурӯшӣ будааст.

Дар пайи ин таркиш, ки соатҳои 11 рӯзи 8 уми октябр ба гуфтаи мақомот ба эҳтимоли ғолиб аз гази моеъ сар задааст, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар ҷамоати Зайналободи Рӯдакӣ, комилан валангор шуда, 4 мошин, ки он соат барои гирифтани сӯзишворӣ дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, комилан корношоям шуданд. Ҳатто аз ду мошин, мошини тамғаи Лексус ва 011 танҳо оҳанпорае боқӣ монда буду халос. Мавҷуда Бобоева, муовини раиси ноҳияи Рӯдаки рӯзи ҳаштуми октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт:

“Мо ҳоло аз беморхона омадем. Дар маҷмӯъ ҳашт нафар дар беморхонаи ноҳия бистарӣ шуд, 4 нафар, ки ҷароҳати сабук доштанд, ҷавоб дода шуданд. 4 нафар ҳоло дар беморхона ҳастанду ду нафар ҷарроҳӣ шуда, ҳоло вазъашон мӯътадил аст. Ҳоло вазъи саломатии як нафар хеле бад аст ва як нафари дигар ҳам бо вазъи бад дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудааст.”

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри як баёния шумори фавтидагонро 3 нафар гуфтааст. Бархе аз сокинони атрофи ин нуқтаи таркида шуда ҳам мегӯянд, эҳтимолан шумори фавтидаҳо аз ду нафар бештар бошад. Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки таркиш дар пайи ба амал омадани шарора аз гази моеъ сар задааст. Аммо масъулини кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва пулису дигар сохторҳо, дар ҷойи ҳодиса ба мо гуфтанд, омили аслии таркиш ҳанӯз дақиқ нест.

Замони ҳузури мо ҳам дар нуқтаи валангоршудаи сӯзишворӣ, гурӯҳи корие иборат аз намояндагони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, додистонӣ, мақомоти интизомӣ ва намояндаҳои ноҳия омилҳои аслии рух додани ҳодисаро меомӯхтанд. Муфаттишон барои ташхис дар як гӯша ду халта ашёҳои гуногунро ҷамъ оварда буданд, ки дар байни онҳо як балони хурди маишӣҳам буд ва дар он осори таркиш дида мешуд буд. Чунин фарзия ҳам буд, ки шояд таркиш ҳангоми пур кардани он балон бо гази моеъ ба амал омада бошад.

Сайёҳат Додоҷонова, раиси шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ҷамоати Зайналобод мегӯяд, онҳо ҳоло як рӯйхати пешакии ҷабрдидагонро таҳия кардаанд, ки дар миёни онҳо занон ҳам ҳастанд: “Соатҳои 11 буд, мо дар ҷамоат шишта будем, як садои баланди таркишро шунидем, омадем, ки ин воқеа рух додааст. Ҳама сокинони гирду гӯша то омадани сӯхторхомушкунҳо об оварда оташро хомӯш карданд. Баъдан мо ба мақомоти дахлдор занг задем. Дар ҷойи ҳодиса аллакай ду нафар фавтида буд.”

Хисороти молии ин фалокат ҳоло маълум нашудааст, вале аз садҳо ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Аммо ба ҷуз аз 4 мошин таркиш ҳамчунин ба мағозаи хӯрокворӣ ва нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, ки дар паҳлӯи нуқтаи сӯзишворӣқарор доштанд осеб расонидааст. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Зайналобод, нуқтаи фурӯши гази моеъ хусусӣ ва аз ҷавоне бо номи Кенҷа будааст. Дар Тоҷикистон таркиш дар нуқтаҳои бензинфурушӣ зиёд дида нашудааст, вале ин ҳодиса яке аз таркишҳои маргбортарин аст, ки дар чанд соли ахир рух медиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi