15:12:36 09-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.

vice_mfa_japan_457845.jpgДар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад”.

Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣқарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.

Изҳори бовар карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳарду ҷониб судманд ҳам тавсиа меёбад. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника низ сурат гирифт.

http://president.tj/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854