00:23:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қамари Аҳрор барои “Калтак ва кулчақанд” ҷоиза гирифт

Ҳукумати вилояти Суғд ба рӯзноманигор Қамари Аҳрор, ки чанде қабл аз сӯи додгоҳҷарима шуда буд, ҷоизаи пулӣ дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Қамари Аҳрор дар озмуне таҳти унвони “Инсон, замин ва ҷомиа” барои силсилаи матолиби доғи рӯз дар мавзуҳои худкушӣ, хушунати хонаводагӣ, қочоқи инсон, гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоии оштинопазир ва фавти модару кӯдак соҳиби ҷои аввал шудааст.

qamari-ahror 65895656Ин озмун, ки моҳи январи соли равон аз сӯи Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, эълон шуда буд, аз се бахш – инъикоси масоили барномаи “Соли роҳҳои обод”, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мавзуҳои актуалӣ иборат буд. Қамари Аҳрор дар бахши сеюм 10 матлаб пешниҳод карда, пирӯз эълон шуд ва 4,5 ҳазор сомонӣ мукофот гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 29 октябр додгоҳи Хуҷанд хабарнигор Қамари Аҳрорро бар асоси даъвои пулиси муовини сарвари ШКД-и шаҳр 120 сомонӣҷарима баст.

Маросими супоридани ҷоизаҳо субҳи рӯзи душанбе, 24 ноябр, баргузор шуд ва дар умум ба 27 нафар рӯзноманигорони расонаҳои чопӣ, телевизион ва радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ дар вилояти Суғд ҷоизаҳои раиси вилоят, иборат аз сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ, аз 7 ҳазор то 1.5 ҳазор сомонӣ барои маводҳои беҳтарин тақдим карда шуд.

Маросими супурдани ҷоизаҳо дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ бо иштироки раисони вилояту шаҳри Хуҷанд ва гурӯҳи бузурги хабарнигорон гирифт. Рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла Неъматуллоҳи Мирсаид, Тилав Расулзода ва Хуршеда Содиқова ва хабарнигорони нашрияҳову телевизион ва радиоҳои мустақил ва давлатии ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ, Ҷовид Ниёзӣ ва Дилрабо Анорқулова (телевизони СТВ), Равзалӣ Амонов (хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар Хуҷанд), Муҳаббат Муродова (телевизиони СМ - 1), Афзал Босолиев (телевизиони Азия) соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

Ҷоизаҳои пулӣ барои беҳтарин гузоришҳои телевизионӣ аз 3 то 7 ҳазор сомонӣ, барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва барои мақолаву гузоришҳои радиоӣ аз якуним то панҷҳазор сомониро ташкил медод. Ҳамчунин ба 5 рӯзноманигори фаъол ҷоизаҳои пулии ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом, супурда шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими тақдими ҷоизаҳо гуфт, дар матлабҳое, ки муаллифон ба озмун пешниҳод кардаву ҷоиза ба даст оварданд, 3 шарти аслие, ки талаб мешуд - иншои бидуни супориш, ғараз ва тамаъ, ба сурати умум риоят шудааст. Вай афзуд, ин озмун соли оянда низ баргузор хоҳад шуд ва барои барандагон ҷоизаҳои аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi