10:23:08 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шабнами Сураё: Консерти Ню-Йорк дертар баргузор мешавад

Овозхони маъруф Шабнами Сураё хабареро, ки гӯё баргузории консерти ӯ дар Ню Йорк ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, рад кард ва гуфт, ки таъхири намоиши ҳунарии ӯ танҳо бо делали машғул буданаш ба барномаҳои солинавӣ ба таъхир афтод. Консерт бояд моҳи декабр баргузор мешуд.

koncert-45565545Шабнами Сураё, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад,  рӯзи ҷумъаи 5-уми декабр дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, «Ин гапҳо ҳама дурӯғанд. Ман ҳеҷ гоҳ барои сафар ба Амрико мушкиле надорам ва ҳеҷ кас маро фиреб накардааст. Ин ки консерт баргузор нашуд, бо дархости мо буд, чунки ҳоло мо дар пешорӯи соли нав кори хеле зиёд дорем». Шабнам гуфт, ки ҳоло бо сабти клипи наваш машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои радиои Озодлик – бахши ӯзбакии радиои Озодӣ, овозхон Юлдуз Усмонова аз таҳиягарони консерти муштаракаш бо Шабнам дар Ню-Йорк домангир будааст. Аз рӯи барнома қарор буд консерти муштараки Шабнам ва Юлдуз  27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк, маҳалли зисти сокинони собиқи шӯравӣ ва ҳам форсизабонҳо баргузор мешуд. Баъди ба фурӯш баровардани дасти кам 2 ҳазор билет бо арзиши ҳудудан 40 долларӣ, ташаббускорон дар ибтидо гуфтаанд, ки ду консерт дар моҳи декабр баргузор мешавад, вале ниҳоят аз лағви комили намоишҳои ҳунарии ин ду ситораи поп хабар доданд. 

Ҷасур Ҳамроев, муаллифи сайти http://www.shov-shuv.uz/ ва ҳамчунин афроди наздик ба Юлдуз Усмонова мегӯянд, ки дар асл ин консертҳо фиребе будааст ва баъди пахши билетҳо, нақшаи ташкили ин барномаҳо ҳам бекор шуд. Афроди наздик ба Юлдуз Усмонова ба Озодлик гуфтаанд, ки ташкилкунандаи аслии консертҳо дар Ню-Йорк хонуме бо номи Стелла, ки дар шоу-бизнеси амрикоӣ бо даъвати овозхонҳои тоҷику ӯзбак сару кор дорад, гӯё ба баргузории консертҳо манфиатдор набудааст ва коре кардааст, ки Юлдуз ва Шабнам ба Амрико сафар карда натавонанд.

Аз рӯи гуфтаи ҷониби Юлдуз, гӯё матни даъватномаи сафари овозхонҳо иштибоҳӣ фиристода шуда, дар ин мӯҳлат билети консертҳо фурӯхта шуда, дар ниҳоят консерт ҳам бекор шудааст. Тибқи нақшаи сафар, Юлдуз аз як соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 50 ҳазор доллар пул дарёфт кардааст, ки барои омодагии сафараш ба ИМА сарф шудааст. «Ҳоло Юлдуз Усмонова худро ҳам аз назари пулӣ ва ҳам маънавӣ фиребхӯрда эҳсос мекунад, зеро маблағеро, ки аз соҳибкори маҳаллӣ гирифта буд, бояд баргардонад», мегӯяд манбаи наздик ба Юлдуз. Зимнан, телефонҳои хонум Стелла ва ташкилкунандагони консерт ба паёмгир васл шуда, касе ба онҳо посух намедиҳад.

Тибқи ваъдаи ташкилкунандаҳо, қарор буд консерти муштараки Шабнами Сураё ва Юлдуз Усмонова дар як толори консертӣ ва ҳам дар як киштӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мешуд. Шабнами Сураё дар гузашта чандин бор  ба ИМА бо ҳадафи сабти клипҳо, ширкат дар консертҳои форсизабонони маҳаллӣ ва ҳамчунин гирифтани ҷоизаи маъруфи Big Apple Award - мукофоти  беҳтарин овозхонҳои форсизабонони дунё сафар кардааст.

«Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi