00:10:02 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қаноатмандии Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти оҷонсӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеи худ изҳори қаноатмандӣ кардааст. Писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи март ба ин тараф раҳбарии ин ниҳодро ба дӯш дорад.

rustami-emomali_645125.jpgРустами Эмомалӣ дар нишасти нимсолаи Оҷонсии зидди фасод, ки дар нимаи дуввуми рӯзи чаҳоршанбе, 15 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баъди шунидани гузоришҳои Раёсатҳои ин ниҳод дар вилояти Суғду Хатлон ва Бадахшон, аз фаъолияти 6-моҳаи ин сохтор изҳори қаноатмандӣ кард.

Олим Забирзода, сухангӯи оҷонсии зидди фасод рӯзи 16 июл ба мо гуфт, нишасти нимсолаи оҷонсӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ сурат гирифт ва фаъолияти шашмоҳаи он ин ниҳод мавриди баррасӣқарор гирифт.

Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар зарфи шаш моҳ, ротатсияи 88 корманди оҷонсӣ амалӣ карда шудааст ва ба сафи ин ниҳод асосан ҷавонони касбӣҷалб карда шудаанд. Моҳи июн хабар дода будем, ки дар паи аттестатсия ё санҷиши ҳирфаии кормандони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон, ки як моҳ идома кард, 56 корманди ин ниҳод аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Олим Забирзода гуфт, ин кормандон натавонистанд аз санҷиши касбӣ гузаранд ва биноан фаъолияти онҳо ба поён расид. 40 нафари онҳо кормандони бахши ҳуқуқӣ ва 16 нафарашон хидматчиёни назорати молиявӣ будаанд.

Ба гуфтаи Забирзода, санҷишро ҳайате бо сарварии раиси оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ баргузор намуд, ки аз раҳбарони оҷонсӣ ва намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, ҳадафи асосиаш муайян кардани сатҳи ҳирфаии кормандон ва поккории ин муассиса аз кормандони тасодуфӣ буд.

Ба сурати умум дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 400 нафар ва дар дастгоҳи марказии он 150 нафар кор мекунанд. Ба ин тартиб, дар моҳҳои апрелу май 94 корманди оҷонсӣ аз вазифа барканор шуданд.

Рустами Эмомалӣ, писари 27-солаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкин шуд. Ӯ, ки рутбаи генерал-майорӣ дорад, моҳи ноябри соли 2013 ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаста буд. Ин фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд ва соли 2009 дар анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ фарзанди дувуми раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Хоҳари ӯ - Озодаи Раҳмон муовини аввали вазири умури хориҷист. Ҳарчанд мақомоти расмӣ ба ин сатҳ расидани Рустами Эмомалиро ҳосили талошҳои худаш медонанд, аммо бархе аз нозирони умур ҷаҳиши зуди ӯ аз ин мақом ба он мақомро кӯшиши ошно карданаш бо кори давлатӣ меҳисобанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi