11:22:23 01-уми Июли 2025 сол

Изҳороти расмии Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси он, ки гӯё як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат фирор карда бошанд, қатъиян рад менамояд.

kumitai-amniyat-458954Кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст. Ҳоло тамоми ниҳодҳои зертобеи КДАМ ҶТ дар ҳолати муқаррарӣ ва бо назардошти риояи қатъии уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти касбии хешро идома додаистодаанд. Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғва беасос бовар накунанд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ